порлумон
М. ЗОКИРЗОДА: «МУНОСИБАТҲОИ ХОҶАГИДОРӢ ТАНЗИМ МЕШАВАНД»
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» дар таҳрири нав баррасӣ гардид.
Латифзода Рустам, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин иброз дошт, ки мақсади лоиҳаи мазкур тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шароити иқтисодиёти бозорӣ, аз байн бурдани ихтилофот ва номуайянӣ дар танзими муносибатҳои хоҷагидорӣ мебошад, ки дар раванди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба миён омадааст. Лоиҳа аз 9 боб ва 39 модда иборат буда, дар он масъалаҳои ҳуқуқ ба таъсиси хоҷагии деҳқонӣ, шаклҳои он, хусусиятҳои ташкили хоҷагӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ, мақомоти идоракунӣ, муносибатҳои молумулкӣ, масъалаҳои истифодаи замин баъди ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона нашудан ҳамчун предмети хариду фурӯш, туҳфа, иваз, идора, гарав ва дигар актҳо, инчунин ба мерос гузоштан, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон объекти махсуси муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ муқаррар шудаанд, дарҷ ёфтааст.
Зокирзода Маҳмадтоир, вазири кишоварзӣ, зимни баррасии лоиҳа гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 таҳти № 383 «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020» тасдиқ гардид.
Вазири кишоварзӣ зикр кард, ки дар заминаи колхозу совхозҳои собиқ беш аз 160 ҳазор хоҷагии деҳқонии хурду калон ташкил шуда, аксарашон дорои қитъаи замини хурд мебошанд ва байни онҳо номураттабии муносибатҳои хоҷагидорӣ мавҷуд аст. Ба мақсади мутобиқ намудани фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ бо талаботи иқтисодиёти бозаргонӣ, бартараф намудани камбудиҳо бо ҷалби мутахассисони соҳаи ҳуқуқи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва мушовирони байналмилалӣ таклифу пешниҳодҳо барои мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ фароҳам гардид.
Дар лоиҳаи қонун фаъолияти якҷоя дар асоси шартнома, ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва салоҳияти мақомоти идоракунии он нишон дода шудааст. Инчунин, масъалаҳои беҳтар кардани шароити кору истироҳат, баланд бардоштани самаранокии меҳнат, пешгирии талафоти маҳсулотро низ фаро гирифтааст.
Дар ҷаласа, инчунин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Лоиҳаи беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах аз ҷониби вакилон баррасӣ шуд.
Назар ба иттилои вазири кишоварзӣ, созишнома 24 октябри соли 2015 ба имзо расида, мақсади асосии он дастгирии техникӣ аз ҷониби Ҳукумати Япония барои пешгирии паҳншавии малах дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, гузарондани мушоҳидаву чорабиниҳои якҷояи мубориза бар зидди малах мебошад.
Зикр гардид, ки бо кӯшиши Вазорати кишоварзӣ аз ҷониби Ҳукумати Япония барои минтақа 5 миллион доллар, аз ҷумла 60 дарсадаш барои Тоҷикистон ва боқимонда барои Афғонистон, ҷудо шудааст. Қисми зиёди маблағ барои хариди таҷҳизот сарф хоҳад шуд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.02.2016 №: 27 Мутолиа карданд: 9396