ҳукумат
ИТТИЛОИЯ
8 феврал дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар масъулони дастгоҳ, роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳо ва агентиҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, инчунин муассисаву идораҳои ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд.
Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, зимни он аъзои нави ҳайати мушовараи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ тасдиқ карда шуд. Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ низ баъди баррасӣ тасдиқ гардид. Вобаста ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 январи соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки татбиқи нишондодҳои Паёми имсола дар маҷмӯъ, дар амри густариши ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳии аҳолии кишвар, рушди бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна, инчунин дар таҳкими нуфузу эътибори кишварамон дар арсаи олам нақши муассир мегузоранд.
Лоиҳаи як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қабул карда шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол гардид.
Ду хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - яке ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва дуюмӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон“ низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол масоҳати умумии маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 739,6 гектар, шумораи аҳолӣ 12 ҳазор нафар ва роҳҳои мошингард 30 километрро ташкил медиҳад ва бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ зарурати бунёди шаҳраки муосир пеш омадааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла бунёди марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, манзилҳои истиқоматию маъмурӣ, сохтмони иншооти таъйиноти гуногуни ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморӣ ва рушди бахшҳои муҳим, инчунин ҳавасмандии соҳибкорони ватанӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар охири кори маҷлис баъди баррасии масъалаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати кишвар ва роҳбарони сохторҳои марбута барои иҷрои саривақтию босифати корҳо вобаста ба тадбирҳои ободонию созандагӣ, вусъати ниҳолшинонӣ дар мамлакат ва дигар нақшаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.02.2016 №: 27 Мутолиа карданд: 13060