logo

маориф

ДИНШИНОСӢ. ТАЪЛИМИ ОН АЗ НАВ ШУРӮЪ МЕШАВАД

Аз соли нави таҳсил дар мактабҳои олӣ таълими фанни диншиносӣ аз нав шурӯъ мешавад. Диншиносӣ моҳиятан ҷузъе аз илмҳои фалсафӣ маҳсуб ёфта, масоили марбут ба динро дар доираи талаботи илм, яъне воқеъбинона тариқи хулосаҳои дар таҷриба исботшуда мавриди таҳлилу омӯзиш қарор медиҳад.
Диншиносӣ, ки илми дунявӣ маҳсуб меёбад, дарёфти сарчашмаҳои иҷтимоӣ, равонӣ ва маърифатии ҳаводиси динӣ ва вобаста ба ҳукми ин сарчашмаҳо ҷамъбасти хулосаҳо аз вижагиҳои хоси он ба ҳисоб меравад. Мавриди таваҷҷуҳ ва таҳлилу баррасиҳои ҷиддӣ қарор додани муҳтавои шуури динии диндорону пешвоёни дин ва вобаста ба шароитҳои таърихию иҷтимоӣ тағйирпазирии онҳо, бояд аз самтҳои муҳими диншиносӣ қарор гирад.
Ҳаводиси нангини сиёсӣ-идеологии иддае аз кишварҳои мусулмонӣ зарурати эҳёи таълими фанни диншиносиро дар кишвари мо, ки баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ саҳван ба фаромӯшӣ супурда шуда буд, даҳчанд зиёд намуд. Бидуни шак, яке аз сабабҳои иштироки ҷавонони мо дар ҳаракату гурӯҳҳои ифротии динӣ, аз ҷумла дар даргириҳои хунини Ховари Наздик, ноогоҳии онҳо аз моҳияти ҳақиқии дин ба ҳисоб меравад. Аҳамияти таълими фанни мазкур дар кишвари мо боз дар он ифода меёбад, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолияту фароҳам шудани фазои воқеан ҳам демократию озод «таблиғгарон»-и дини ислом аз имкониятҳои таъсиррасонӣ суистифода намуда, на танҳо аз худ ба таври сунъӣ шахсиятҳои нуфуздор сохтанд, балки дар мафкураи иддае аз зиёиён (наметавон чунин ашхосро зиёӣ номид) ва ҳатто ҷомеашиносон низ, тасаввуроти носаҳеҳи дини исломро ба бор оварданд.
Доираи мавзӯи ин фан танҳо аз пешниҳоди маълумоти ба воқеият асосёфта, яъне илман собитшуда дар бораи дин ва ҳаводиси динӣ иборат набуда, ҳамзамон таҳлилу таҳқиқи ақлонию мантиқии масоили марбут ба дин ва ҳаводиси диниро низ фаро мегирад.
Дар ҷомеаи мо худи диншиносон камшуморанд. Ба хотири он ки таълими ин фан маҳсулнок бошад, яъне ҳадафҳои зикршуда амалӣ гарданд, зарур аст, ки зимни ба роҳ мондани таълими ин фан чӣ дар донишкадаю донишгоҳҳо ва ё литсею коллеҷҳо ба ҷанбаҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад:
1. Фанни таърихи дин омӯзиши дину ҳаводиси диниро аз нигоҳи пайдоишу рушд ва таназзули он ба роҳ мемонад. Диншиносӣ бошад, ба ғайр аз ҷанбаҳои зикршуда боз ба сарчашмаҳои пайдоишу таҳаввул, умумияту фарқияти байни онҳо, омилҳои равонию маърифатӣ ва иҷтимоию таърихии пайдоишу таҳаввули ҳаводиси динӣ таваҷҷуҳ дорад;
2. Дин ҳатман, бояд ҳамчун падидаи иҷтимоӣ арзёбӣ гардад. Ин нукта чунин маъно дорад, ки дин маҳсули ҷомеа асту шаклҳои ҳастии он, махсусан мундариҷаи шууру тасаввуроти динӣ аз сатҳи пешрафти ҷомеа, хусусан илм вобастагии зич дорад;
3. Фанни мазкур аз тарафи шахсони ҷаҳонбинии илмидошта таълим дода шавад. Диншинос ё ҷомеашиносу файласуф будани таълимдиҳанда шарт нест. Аз тарафи муллою эшон ва ҳамсони онҳо таълим дода шудани фанни мазкур имконият дорад, ки донишкадаю донишгоҳро ба мадраса мубаддал созад. Зеро онҳо ба дин ҳамеша муносибати якҷониба доранд;
4. Донишҷӯ ё хонандаи мактаб тавассути омӯзиши фанни диншиносӣ ва ё таърихи дин аз илму амал ҷудо будани динро эҳсос намуда, барои инкишофу рушди ақлониву ҷисмонии худ аз воситаҳои дигари таълиму тарбия кор гирад.
Аз ин ҳама гуфтугузорҳо хулоса бояд кард, ки нозирони низоми таълимӣ ба муҳтавои омӯзиши ин фан таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то дар толибилми муосир ҷаҳонбинии дақиқу амиқи динӣ амиқтар гардад, на баръакс.

Кароматуллоҳи АБДУХАЛИЛ,
номзади илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2016    №: 29    Мутолиа карданд: 1529
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед