logo

порлумон

ҶАРИМА БА СИФАТИ ҶАЗОИ АЛТЕРНАТИВӢ

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.

Идрисзода Илёс, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, зимни баррасии лоиҳаи мазкур иброз дошт, ки қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 319, 320 ва 321 ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба сифати ҷазои асосӣ ва ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайянро ба сифати ҷазои иловагӣ муқаррар кардааст.
Таҳлилу таҷрибаи тафтишотӣ  ва судии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки барои ҷамъият хавфнок будани шахсони содиркунандаи ҷиноятҳои дар моддаҳои мазкур пешбинишуда баъди аз мансаби ишғолкарда озод ва ё аз ҳуқуқи ишғоли ин мансабҳо маҳрум кардани онҳо аз байн меравад. Дар ин замина таъйин намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва нигоҳ доштани чунин шахсон дар муассисаҳои ислоҳӣ ба мақсад мувофиқ нест ва харҷи зиёди молиявиро тақозо мекунад.
Татбиқи ҷазои ҷарима бо ин категорияи ҷиноятҳо нишон медиҳад, ки таъйини чунин ҷазо барои ислоҳи шахсони ҷиноятсодирнамуда ва пешгирии ҷиноятҳои нав мусоидат мекунад. Бинобар ин, дар лоиҳа пешниҳод мегардад, ки ба моддаҳои мазкур ҷазои ҷарима ба сифати ҷазои алтернативӣ ворид шавад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин масъалаи ба кодекси мазкур ворид намудани моддаи нав - 1421 - ро баррасӣ карданд. Назар ба гуфтаи Мавлуда Қаландарзода, вакили порлумон, ин модда оид ба муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани алоқаи ҷинсӣ ё дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, ки бо суистифода аз эътиқоди динии ҷабрдида ё дар ҷараёни табобати ғайрианъанавӣ содир шудааст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 7 солро пешбинӣ мекунад.
Қабул гардидани он барои огоҳонидан ва пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлубе, ки ба арзишҳои дини мубини ислом иснод меоранд ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол месозанд, равона гардидааст.
Зикр гардид, ки як рӯзи ҳабс ба 200 сомонӣ баробар буда, дар ҳолати пардохт кардани маблағ гунаҳгор зиндонӣ намешавад.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2016    №: 31    Мутолиа карданд: 10990
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед