порлумон
68 ҲАВЗА БАРОИ РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ ТАШКИЛ ШУД
15 феврал дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси комиссия, ҷаласаи навбатӣ баргузор гашт. Дар он масъалаҳои омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 22 майи соли 2016 доир мегардад, баррасӣ шуд.
Бахтиёр Худоёрзода зикр кард, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсия барои рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеа, пешрафти минбаъдаи равандҳои демократисозии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва кафолати риоя ва ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд.
Дар ҷаласаи комиссия нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузарондани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид, ки он тамоми паҳлуҳои тайёрӣ ва баргузории раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегирад. Аз ҷумла, комиссия бо мақсади иҷрои моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба ташкили ҳавзаҳои раъйпурсӣ қарорҳои дахлдор қабул намуд. Дар асоси қарори қабулшуда, дар қаламрави ҷумҳурӣ барои баргузории раъйпурсии умумихалқӣ 68 ҳавзаи раъйпурсӣ ташкил шуд. Ҳамзамон, намудҳои ҳуҷҷатҳое, ки дар давраи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби комиссияҳои раъйпурсӣ истифода мешаванд, муайян гардиданд.
Бо мақсади инъикоси ҳамаҷонибаи ҷараёни омодагӣ ва баргузории маъракаи муҳими дарпешистода Маркази иттилоотии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ҳамзамон доир ба ҳаллу фасли саривақтии арзу шикоятҳо гурӯҳи кории дахлдори комиссия таъсис ёфтанд.
Бо қарори комиссия аз 4 феврали соли 2016 интихоботи миёнадаврии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҷойи вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Фирдавсӣ № 1 ва Ҷаббор Расулов № 16 ба таърихи 10 апрели соли 2016 таъйин гардида, ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил ва бо қарори комиссия барои баргузории интихоботҳои зикршуда комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ таъсис дода шуданд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.02.2016 №: 33 Мутолиа карданд: 11014