мулоқотҳо
РОБИТАҲОИ УСТУВОРИ ДӮСТӢ
- Ҳоло миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир робитаҳои устувори дӯстию ҳусни тафоҳум ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст, ки боиси қаноатмандии мост.
Ин матлабро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо вазири давлатии рушди байналмилалии Британияи Кабир Десмонд Свейн иброз дошт. Мулоқот 17 феврал дар Қасри миллат сурат гирифта, дар он масоили таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир баррасӣ шуд.
Десмонд Свейн баъд аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигорон натиҷаҳои онро фарогиру судманд арзёбӣ кард. Ӯ изҳор дошт, ки кишвараш ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ талош намуда, аз ҷумла барои татбиқи амалии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 37 миллион доллари ИМА ихтисос медиҳад. Ин меҳмони олимақом гуфт, ки дар мулоқот, ҳамчунин оид ба таъсири буҳрони иқтисодию молиявӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.2016 №: 34 Мутолиа карданд: 4847