туризм
Туризми Тоҷикистон рақобатпазир мегардад
Соҳаи туризм дар Тоҷикистон бо назардошти табиати зебо ва иқлими мӯътадили кишвар яке аз бахшҳои афзалиятнок ва манфиатовари иқтисодиёти миллӣ буда метавонад. Таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷӣ ба сарзамини мо кам нест. Аммо ба гуфти коршиносон то ҳол иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи туристӣ дар Тоҷикистон ба ҷаҳониён пурра муаррифӣ нашудааст. Вобаста ба вазъи кунунии соҳа, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рушду инкишофи он, истифодаи босамари захираҳои туризм ва чораҳои ҷалби шумори зиёди сайёҳони хориҷӣ бо муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лочин Файзуллоев сӯҳбате анҷом додем.
-Мӯҳтарам Лочин Нусратуллоевич, вазъи соҳаи туризмро дар Тоҷикистон чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?
-Мо ҳанӯз аз вазъи бахши сайёҳӣ дар кишварамон пурра қаноатманд буда наметавонем. Зеро иқтидорҳои туризм дар мо ба таври комил истифода нашудаанд ва то кунун давлат ва ҷомеа аз он суди дилхоҳ ба даст наовардааст. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки туризм дар Тоҷикистон дар марҳалаи эҳё ва ташаккул қарор дорад. Кишвари мо аз моҳи ноябри соли 2007 аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии туристӣ ба ҳисоб меравад. Узвият дар ин созмони бонуфузи байналмилалӣ имкон медиҳад, ки аз дастовардҳои мамлакатҳои ҷаҳон дар бахши рушди туризм бархурдор шавем ва бо маъмурони 153 давлати дигари аъзо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монем.
Бояд гуфт, ки натиҷаи таваҷҷӯҳи зиёди Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳа як қатор дигаргунӣ ва пешравиҳоро ба миён овард, ки вобаста ба он Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар нақшаи кори хеш тағйирот ва усулҳои нави созандаро ворид кард.
Моҳияти корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар муаррифӣ ва пешбурди захираҳои туристии кишвар ба назар гирифта, намояндагони кумита ва ширкатҳои туристии кишвар дар чорабиниҳои байналмилалии туристии мамлакатҳои Олмон, Ҷопон ва дигарҳо фаъолона иштирок карда истодаанд. Намоишҳои туристӣ чорабиниҳои асосии пешниҳод кардани маҳсулоти туристӣ ва муаррифии захираҳои бойи табиӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангиии мамлакатҳо ба ҳисоб меравад. Иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо сохторҳои бонуфузи сайёҳии ҷаҳонӣ ҳамкориро ба роҳ монад.
Инчунин масъулини кумита ҳамкориро бо шабакаҳои миллӣ ва байналмилалии телевизиону радио вусъат бахшида, барномаҳои таблиғотиву таҳлилиро оид ба вазъи феълии соҳа манзури бинандагон менамоянд. Дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои таҳия намудани раҳнамоҳои туристӣ, харита ва буклетҳо ба натиҷаҳои хуб расида истодаем. Дар ҳамкорӣ бо воҳиди дахлдори Агентии заминсозӣ, харитасозӣ ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ҳазор адад харитаи туристӣ ба табъ мерасад, ки дар оянда бо дарёфти маблағ ин мавод ба дигар забонҳо тарҷума шуда, ба намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ирсол хоҳад шуд.
Дар асоси пешниҳоди кумита бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли ҷорӣ, Консепсияи рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 тасдиқ шудааст. Дар доираи ин санад маҷмӯи чорабиниҳое пешбинӣ гаштаанд, ки татбиқи босамари онҳо вазъи соҳаро тағйир дода, теъдоди сайёҳони хориҷиро дар солҳои наздик ба тадриҷ афзун менамояд. Гузашта аз ин, бо дастгирии роҳабарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор санадҳои меъёрӣ қабул шуданд, ки вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба кишвари мо сода ва пояҳои ҳуқуқии соҳаро мустаҳкам кардаанд.
Аз ҷумла тартиби нави ба расмиятдарории раводидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷалби шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
-Тартиби нави раводид дар муқоиса ба равандҳое, ки дар гузашта ҷорӣ буд, кадом афзалиятҳоро дорост ва он то чӣ андоза метавонад рақобатпазирии туризм дар кишвари моро таъмин намояд?
-Нахуст бояд гуфт, ки бори аввал дар таърихи Истиқлолияти Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷие, ки нияти дидани кишвари моро доранд, раводиди туристӣ роҳандозӣ шуд. Акнун хориҷиёне, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон оянд, бо дарёфти даъватнома аз ширкатҳои туристӣ ё худ мустақилона раводиди кишвари моро аз Сафоратхонаҳои мо дар хориҷа ва ё бахши консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дарёфт намоянд.
Ҳамакнун тартиби нави раводид ба сайёҳони хориҷӣ имкон медиҳад, ки агар мӯҳлати иқомати онҳо беш аз 30 рӯз набошад, аз сабти ном дар умури корҳои дохилӣ озод бошанд. Инчунин, дар гузашта муқаррароте вуҷуд дошт, ки тибқи он ҳар кӯҳнаварди хориҷӣ барои фатҳи қуллаҳо ба баландии беш аз 6000 метр 100 доллари амрикоӣ ва барои фатҳи нишондиҳандаи камтар аз он 50 доллар пардохт мекард. Бо аз байн рафтани ин талаботи маъмурӣ пешбинӣ мешавад, ки рақобатпазирии туризми мо дар ҷаҳон вусъати нав пайдо кунад.
-Нарасидани мутахассисони соҳаи ҷаҳонгардӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набудани сатҳи хизматрасонӣ, вуҷуд надоштани меҳмонхонаву сервисҳои замонавӣ аз мушкилоти умдаи туризм дар Тоҷикистон аст. Барои бартараф кардани ин камбудиҳо кадом корҳо ба анҷом мерасанд?
-Дар мавриди мутахассисони соҳаи туризм бояд ёдовар шуд, ки айни ҳол дар шаш мактаби олӣ ва як таълимгоҳи миёнаи касбӣ бахши тайёрии мутахассисони соҳа амал мекунанд. Вале, нарасидани адабиёти муосир ва дастурҳои таълимӣ, аз мушкилоте маҳсуб меёбанд, ки ба сатҳ ва сифати таълим дар ин муассисаҳо таъсири манфӣ расонида истодаанд. Мусоидат ба ҳалли масъалаи мазкур дар лоиҳаи Барномаи рушди туризм барои солҳои 2010-2014, ки мувофиқи ҳадаф ва вазифаҳои Консепсияи тасдиқшуда таҳия гардид, пешбинӣ карда шудааст.
Кумита тасмим гирифтаст, ки ҳамкориро бо муассисаҳои таълимии номбурда, ҷоннок намуда, дар тайёр кардани мутахассисони забондону хушзеҳн, босаводу соҳибфарҳанг мусоидат намояд.
Дар мавриди мавҷуд набудани меҳмонхонаву хизматрасониҳои замонавӣ ҳаминро бояд гуфт, ки феълан дар бисёр минтақаҳои мамлакат иншоотҳои наву замонавӣ бунёд гардида истодаанд ва итминон дорем, ки солҳои оянда вазъият дар ин самт тағйир хоҳад ёфт.
Дар мавриди самаранок татбиқ нашудани Барномаи маҷмӯии рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ чӣ андеша доред?
-Дар ҳақиқат, сатҳ ва сифати татбиқи чорабиниҳои барнома қаноатбахш нест. Аз нигоҳи мо, яке аз сабабҳои асосии пурра амалӣ нашудани талаботи он пешбинӣ нагаштани маблағҳои зарурӣ дар буҷети вазорату идораҳои дахлдор мебошад.
Манбаъҳои маблағгузории нақшаи чорабиниҳо як миқдор аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва қисмати дигар аз ҷалби сармоя ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ пешбинӣ шудаанд. Ин ҳолат ба он оварда расонд, ки талаботи барнома аз ҷониби баъзе сохторҳои дахлдори давлатӣ нопурра ва дар бештари ҳолатҳо умуман иҷро нашудаанд. Аз ин рӯ, бо назардошти гуфтаҳои боло масъулини кумита ин ҳуҷҷати муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намуданд. Тибқи он вазорату идораҳое, ки дар татбиқи барнома ӯҳдадоранд, аз соли 2009 сар карда, иҷрои чорабиниҳои онро дар нақшаҳои кории худ инъикос намоянд.
Як нуктаи дигарро бояд зикр кард, ки интихоб шудани ноҳияи Балҷувон ҳамчун минтақаи туризми байналмилалӣ ҳадафи иҷтимоӣ низ дорад. Яъне дар баробари бунёди инфрасохтори зарурӣ ва бо ин васила рушди туризм дар минтақа, соҳа ҷиҳати ободии ин ноҳияи дурдасти кишвар саҳмгузор мешавад.
Мусоҳиб Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8148