энергетика
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ
МАРДУМ НАБОЯД АЗ БЕТАРАФӢ КОР БИГИРАД
Ҳукумати мамлакат захираҳои гидроэнергетикиро сарвати миллӣ мешуморад. Бинобар ин, мо рушди соҳаи энергетикаи обиро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян карда, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъмиру навсозӣ ва сохтмони иншооти энергетикиро идома медиҳем.
Аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, соли 2016.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ сол то сол барои расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ қадамҳои устувор мемонад. Ин аст, ки минтақаҳои маҳдудиятдошта ҳоло дар як шабонарӯз зиёда аз 15 соат бо барқ таъминанд, ки назар ба чанд соли қабл ин нишондиҳанда хуб арзёбӣ мешавад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар Тоҷикистон 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст.
То охири соли ҷорӣ навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 бо иқтидори 300 мегаватт бо харҷи дуюним миллиард сомонӣ ба истифода дода мешавад, ки ин таъминоти аҳолиро бо барқ беҳтар мегардонад.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли неруи барқ соли 2015 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 17 миллиарду 134 миллион кВт - соатро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2014 706,1 миллион кВт - соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,3 дарсадро ташкил медиҳад.
Соли сипаришуда зеристгоҳи барқии 110 кВ «Ваҳдат» дар шаҳри Хуҷанд, хати интиқоли барқи 220 кВ «Қайроқум – Ашт» ва зеристгоҳи барқии 220 кВ «Шаҳринав» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Он рӯз дер нахоҳад буд, ки маҳдудияти интиқоли неруи барқ пурра бардошта мешавад. Ин дурнамо ва ояндабинӣ аз талошҳои имрӯзаи Ҳукумати мамлакат ва сол то сол беҳтар гардидани таъмини аҳолӣ бо неруи барқ дарак медиҳад. Вале дар навбати худ сокинонро низ мебояд, ки барои амалӣ гардидани ин тадбири муҳим роҳи сарфакорӣ ва оқилона истифода бурдани барқро пеш гиранд, зеро ин яке аз воситаҳои расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ мебошад. Ғайр аз ин, сари вақт пардохт нагардидани ҳаққи истифодаи барқ аз ҷониби аҳолӣ низ монеа барои рушди энергетикаи кишвар аст. Яъне худи мардуми сарбаланди мо дар татбиқи ин сиёсати созанда набояд аз бетарафӣ кор бигирад.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.02.2016 №: 37 Мутолиа карданд: 17611