туризм
ТУРИЗМ. ТАДБИРҲОИ АНДЕШИДАШУДА ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТАНД
Соли гузашта зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки соли 2015 аз тарафи Ҳукумати мамлакат соли муаррифии имконоти туризми дохилӣ эълон гардидааст. Дар ин самт нақша – чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2015 оид ба муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ дар соли 2015 ба имзо расид ва дар доираи он кумита бо мақсади рушди туризми донишҷӯӣ ва мактабӣ силсилаи чорабиниҳоро доир намуд. Туризми мактабӣ то андозае эҳё гардид. Чанд гурӯҳи мактаббачагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Ҳисор, шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд сафар намуда, бо хотироти ғанӣ баргаштанд. Инчунин, бо ибтикори кумита гурӯҳи ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон дидан намуда, аз урфу одат ва фарҳанги мардуми минтақаҳои гуногуни кишвар огаҳӣ пайдо карданд. Мавзеъҳои сайёҳиву таърихиро тамошо карданд. Тибқи маълумоти раёсати рушди туризми кумита дар маҷмӯъ ба чорабиниҳои сатҳи гуногун - маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 241828 нафар фаро гирифта шуд.
Ин иқдоми хуб аст, вале зарурате рушди туризми дохилӣ фаъолнокии ширкатҳои сайёҳӣ ва ташаббуси воқеии сайёҳии аҳолиро тақозо менамояд.
Тавре аз кумита иттилоъ гирифтем, алҳол дар мамлакат беш аз 100 субъекти хоҷагидор иҷозатномаи фаъолияти туристӣ дорад, вале самти бештари фаъолияти онҳоро фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ва гирифтани раводиди кишварҳои хориҷӣ ташкил медиҳад. Мутаассифона, онҳо дар рушди туризми дохилӣ саҳми ночиз дошта, барои муаррифии имконоти туристии мамлакат кам кӯшиш мекунанд.
Ба гуфтаи Фаррух Иззатуллоев, сардори раёсати рушди туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2015 Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи туризм таъсис ёфт. Шӯро барои таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, корхона ва шахсони алоҳидаи соҳа, меҳмонхонаҳо ва ташкилотҳое, ки новобаста аз шакли моликият ба пешниҳоди мол ва хизматрасонии сайёҳӣ машғуланд, мусоидат менамояд. Инчунин, аз ҷониби масъулон ҷиҳати ба туризми дохилӣ ва воридотӣ равона намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ корҳои муайян ҷараён доранд.
Фаррух Иззатуллоев иброз дошт, ки барои рушди туризми дохилӣ аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба хатсайрҳои наву ҷолиб, аз ҷумла ба самти вилояти Суғд 11 хатсайр, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 хатсайр, вилояти Хатлон 9 хатсайр, ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Варзоб, Файзобод, Турсунзода ва Рашт 3 - 4 хатсайрӣ таҳия гардиданд. Ин хатсайрҳо барои ҳавасмандсозии ҳамватанон дар тамошои кишвари маҳбубу зебо ва ҳамзамон, ба ҷалби сайёҳони нав мусоидат хоҳанд кард.
Ғайр аз ин, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз соли 2011 “Дар бораи баргузории саёҳати пиёдагардӣ дар шаҳри Душанбе” ҳамасола дар мавсими баҳор бо ҷалби донишҷӯёни риштаи туризми донишгоҳу донишкадаҳо саёҳатҳои маърифатӣ – фароғатӣ роҳандозӣ мешаванд.
Дар маҷмӯъ рушди туризми дохилӣ барои огаҳии комил пайдо намудани сокинон аз имконоти гардишгарии кишвар, фарҳангу тамаддуни қадима ва дар ин замина ба рушду тавсеаи туризми воридотӣ таъсири назаррас хоҳад расонд. Зеро ҳар нафаре, ки ба кишвари дигар барои саёҳат меравад, ҳатман нафареро ба Ватани худ даъват ва имконоти гардишгарии кишварро муаррифӣ хоҳад кард.
Фаррух Иззаттуллоев иброз медорад, ки вусъат бахшидан ба туризми дохилӣ дар баробари таъсири мусбати он ба шуғли аҳолӣ, инчунин ба таъсиси сохторҳои ёрирасон, ҷалби маблағгузориҳои ватанию хориҷӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ низ мусоид менамояд. Аз ин лиҳоз, кумита кӯшиш менамояд, ки аз тамоми имконоти мусоид истифода бурда, барои рушди туризми дохилӣ тадбирҳои судмандро рӯйи даст гирад.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.02.2016 №: 39 Мутолиа карданд: 12015