мулоқотҳо
Дар Тоҷикистон баробарҳуқуқии
ақаллиятҳои миллӣ риоя мешавад
2 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ Кнутт Воллебекро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба риояи ҳуқуқу манфиатҳои ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон баррасӣ ёфтанд.
Иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар Тоҷикистон дар баробари миллати таҳҷоӣ – тоҷикон, ки аксарияти аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, намояндагони қариб 120 миллату халқият зиндагӣ доранд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки меъёрҳои баробарҳуқуқии ақаллиятҳои миллӣ дар ҷомеа пурра риоя мешаванд ва ба маҳдудкунӣ аз рӯи мансубият ба миллату нажод роҳ дода намешавад.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаи пурсиши иҷтимоии Маркази иттилоотию таҳлилии «Ҷамъият дар пешрафт» оид ба ин мавзӯъ ёдоварӣ шуд, ки мутобиқи он 81,6 дар сади мусоҳибон муносибатҳои миёни тоҷикон ва ақаллиятҳои миллии Тоҷикистонро дӯстона номидаанд.
Кнутт Воллебек изҳор дошт, ки Комиссариати олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ омодааст, ба намояндагони миллатҳои камшумори Тоҷикистон баҳри дастрасии бештарашон ба таҳсилот ба забони модарӣ, ҳамчунин барои хубтар омӯхтани забони давлатӣ кӯмак расонад.
Ба гуфти Кнутт Воллебек, Комиссариати олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ ҳамчунин вазъи риояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои намояндагони миллати тоҷикро дар дигар кишварҳо мавриди омӯзиш қарор додааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2125