энергетика
ДАСТИ ДУЗДОНИ БАРҚ «КӮТОҲ» МЕШАВАД
Гузаштан ба ҳисобкунакҳои нави рақамии барқ ҷиҳати коҳиш додани талафоти неруи барқ талаботи давр аст.
Дар хонаҳои қариб 10 ҳазор сокини шаҳри Хуҷанд дар доираи барномаи «Коҳиш додани талафоти неруи барқ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гаштааст, аввалин ҳисобкунакҳои барқии рақамӣ насб карда шуданд. Барнома бо маблағгузории Бонки таҷдиду рушди Аврупо татбиқ мегардад.
Ҳадаф аз татбиқи барномаи мазкур ба таври самарабахш коҳиш додани талафоти неруи барқ дар ҷараёни баҳрабардорӣ аз ҷониби аҳолӣ, ташкилот ва корхонаю муассисаҳо ва ба ин васила таъмини муътадил бо неруи барқ дар тамоми фаслҳои сол мебошад. Пӯшида нест, ки аҳолии мамлакат дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз норасоии барқ мушкилӣ мекашад. Аз ин хотир, роҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик» ҷиҳати коҳиш додани талафоти неруи барқ ва ҳамзамон гузаштан ба ҳисобкунакҳои муосири барқии рақамӣ, ки аз дастовардҳои муҳими мутахассисони соҳа арзёбӣ шуда, аллакай дар Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Чин ва бисёр мамолики пешқадами дигар аз он истифода мебаранд, барномаро роҳандозӣ намуд. Дар заминаи созишномаи ҳосилшуда миёни ширкати «Барқи тоҷик», Бонки таҷдиду рушди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барнома аз тарафи мутахассисони ширкати чинии ZTE бо ба кор ҷалб кардани 240 мутахассиси тоҷик марҳила ба марҳила татбиқ мегардад. Бо мақсади амалисозии барнома аз ҷониби Бонки таҷдиду рушди Аврупо 21 миллион евро маблағ ҷудо шудааст. То оғози насби ҳисобкунакҳои барқӣ таҷдиди кулли шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд дар масофаи 14 километр анҷом пазируфта, хатти нав кашида шуд ва зеристгоҳҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бартарии асосии ҳисобкунакҳои нав аз пешина, қабл аз ҳама аз лиҳози техникист. Саҳеҳияташон хеле дақиқ буда, бо шиддати муътадили ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ кор мекунанд. Дуздии барқ аз ҳисобкунакҳои нав, чуноне пештар аз ҷониби баъзе афроди беинсоф зиёд ба мушоҳида мерасид, имкон надорад. Дар масъалаи пардохти маблағи истифодаи барқ ҳисобкунакҳо то андозае ба телефони мобилӣ монанданд: ҳар қадар ки маблағ ирсол кунед, ба ҳамин арзиш қувваи барқ мегиред. Ба хотири он ки барқ ногаҳонӣ хомӯш нашавад, муштариён метавонанд сари чанд вақт маблағи тавозунро назорат карда, маблағи иловагӣ гузаронанд. Ширкати «Барқи тоҷик» ҷиҳати пардохти қулайи маблағи истифодаи неруи барқ аз ҷониби муштариён тавассути нуқтаҳои «Амонатбонк» ба таври он - лайн ( доимӣ) мусоидат мекунад. Албатта, ҳифзи иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва маъюбон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба эътибор гирифта мешавад.
Мушоҳидаҳои нахустин аз он мужда медиҳанд, ки расидан ба ҳадафи асосӣ - коҳиш додани талафоти қувваи барқ имконпазир аст.
Баъди шаҳри Хуҷанд насби ҳисобкунакҳои барқии рақамӣ дар дигар шаҳру навоҳии вилоят ҷараён мегирад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.02.2016 №: 39 Мутолиа карданд: 17195