мулоқотҳо
Сӯҳбати видеоии
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай
3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай конфронси фосилавии видеоӣ анҷом доданд.
Чунин сӯҳбат миёни сарони давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон бо пайвастани шабакаҳои телекоммуникатсионии ду давлати дӯсту ҳамсоя аз тариқи хати нурию нахӣ муяссар гашта, аз оғози фаъолияти ин хати муосири алоқа расман башорат дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба пиру ҷавони Тоҷикистон ва кулли мардуми дӯсту бародар ва ҳамсояву ҳамзабони Афғонистон пайванди мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии ду кишварро табрику таҳният гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай ин рӯйдодро идомаи сохтмон ва ба истифода додани роҳҳо, пулҳо ва хатҳои замонавии барқ ва робита миёни ду кишвар маънидод карда, аз бартарафшавии тадриҷии ҳамаи монеаҳои сунъие, ки миёни ду мардуми ҳамзабону ҳамфарҳанг тайи даҳсолаҳои гузашта ба миён омада буданд, изҳори хушнудӣ намуданд.
Зимни сӯҳбати видеоӣ миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай ҳамчунин оид ба роҳҳои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2008