мулоқотҳо
ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «МО ЧИНРО ҲАМЧУН ҲАМСОЯИ НАКУ МЕДОНЕМ»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фан Фэнхоэй ва Чен Гопин мулоқот доир намуд
29 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, сардори ситоди муттаҳидаи Артиши халқии озодибахши Чин Фан Фэнхоэйро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.
“Масъалаи таҳкими муносибатҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникии Тоҷикистону Чин, дар маҷмӯъ бахши амниятӣ мавзӯи муҳими ҳамкориҳои кишварҳои мо мебошад”, - таъкид намуд дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои давлатҳо, ки характери стратегию шарикӣ доранд, қаноатмандӣ ва изҳори умед карданд, ки бо талошҳои пайваста он ба таври бемайлон рушд менамояд.
Дар вохӯрӣ оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникии Тоҷикистону Чин дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси низомии тоҷик, иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда табодули андеша сурат гирифта, саҳми кишвари ҳамсоя баҳри таъмини амният дар сарҳади давлати мо бо Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бо се хатари мудҳиш - терроризм, экстремизм ва сепаратизм муҳиму назаррас маънидод гашт.
Таъкид гардид, ки дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳои дигар мо бояд ҳамаҷониба омода бошем.
Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, инчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, мавзӯъҳои доғи минтақаву ҷаҳон ва дарёфти роҳҳои ҳалли он гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Ҳамин рӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо Намояндаи махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои амниятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Гопин вохӯрд.
Дар ҷараёни суҳбат масоили густариши ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.
“Мо кишвари Шуморо ҳамчун шарики боэътимод ва ҳамсояи наку медонем, ки ҳамаҷониба Тоҷикистонро ҷиҳати рушди бахшҳои муҳими ҷомеа ва таъмини амният ҷонибдорӣ менамояд”, - иброз дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо изҳори бовар карданд, ки бо ҳамгироии муштарак ва бо такя ба муносибатҳои таърихии ҳусни накуи ҳамҷаворӣ, метавонанд амнияту суботро дар ду кишвар ва минтақа нигоҳ доранд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон ва эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ин кишвари ҳамсоя табодули афкор намуданд.
Дар мулоқот оид ба дигар мавзӯъҳои барои ҳар ду ҷониб судманд низ сухан рафт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.03.2016 №: 42 Мутолиа карданд: 4834