logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

29 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Адолат муовини сардори Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Сипас, ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2016 шунида шуд. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ ва рухсат додани онҳое, ки муҳлати хизматашон ба охир расидааст, таъсис гардид.
Инчунин лоиҳаи чанд қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор санадҳои амалкунандаи қонунгузории кишвар  маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи боҷи давлатӣ”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Ҳамзамон хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи чанд қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда “Дар бораи фаъолияти сулҳоваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)”, ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми дуюм) маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Доир ба бисёр масъалаҳои дигар низ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар фароварди маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ёдоварӣ аз камборишии зимистону аввали баҳори имсола ва ҳамчунин фарорасии барвақти ҳавои баҳорӣ изҳори нигаронӣ карда, ба мардуми кишвар аз эҳтимолияти хушксолию камобии дарёҳо ва ҳамчунин аз хатари камҳосилӣ ҳушдор дод.
 Дар робита ба ин ҳолат, маслиҳат дода шуд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда ба заминҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо аз ҳозир фаровон об дода шавад ва дар ҳар куҷое имкон ҳаст, об захира карда шавад.
Таъкид гардид, ки кишту кори баҳорӣ ва ҳамаи корҳои кишоварзӣ вобаста ба барвақт омадани гармӣ ба роҳ монда шаванд ва  маблағҳои мавҷуда ва тамоми воситаҳои моддию техникиро сарфаю сариштакорона истифода баранд. Чорабиниҳои давлатӣ ва анъанаю маросимҳои серхароҷот ҳам бояд бо харҷи камтарин ба роҳ монда шаванд  ва мардум барои худ маводи ғизоӣ захира намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.03.2016    №: 43    Мутолиа карданд: 13419
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед