барқияҳо
БАРҚИЯИ ҲАМДАРДӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 март ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи ҳамдардӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович!
Хабар дар бораи фоҷиаи кони ангишти «Северная» - и Воркутаи Ҷумҳурии Комии Федератсияи Русияро, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок ва ҷароҳат бардоштанд, бо андуҳи амиқ дарёфтам.
Муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони ангиштканон ва наҷотдиҳандагони ҳалокшуда, инчунин таманниёти зуд шифо ёфтанро ба осебдидагон расонед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.03.2016 №: 44 Мутолиа карданд: 10850