мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РАҲИЛ ШАРИФ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 март дар Қасри миллат фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Раҳил Шарифро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории сиёсию низомии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид.
“Мо аз сатҳи таҳкими ҳамкории дуҷонибаи ҳарбӣ, ки бар ҳамдигарфаҳмию эҳтироми манофеи ҳар ду ҷониб асос ёфтаанд, қаноатманд мебошем”, - таъкид дошт дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо роҷеъ ба вазъу дурнамои равобити сиёсӣ ва низомии ду кишвар табодули андеша карда, ҳамкории артишҳои миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Покистонро барои мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши маводи мухаддир муҳим маънидод намуданд.
Баргузории мунтазами музокироти сатҳи олӣ омили муассири тавсеаи ҳамкории судманди ду кишвар ва фароҳам овардани заминаи мусоид дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳанг, илм, маориф, энергетика, пешбурди муштараки лоиҳаҳои зерсохторӣ барои тавсеаи ҳамгироии минтақавӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи "CASA-1000" ва таъмини амнияту субот муҳим арзёбӣ карда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот, инчунин оид ба дигар мавзӯъҳои робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ, ки бар нафъи халқҳову давлатҳо равона гардидаанд, гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.03.2016 №: 44 Мутолиа карданд: 4921