logo

номаҳо

АҶАБ ТАЗОДҲОЕ…

Замони мо аҷаб тазодҳое дорад. Аз як тараф мо фишори буҳронҳои ҳам молиявӣ ва ҳам маънавиро бештар эҳсос кунем ҳам, аммо аз ҷониби дигар худамон худро бештар ба гирдоби чунин буҳронҳо мезанем. Яъне мо ба ҷои он ки дар бораи рушди беҳтари ҷисмонию маънавии худу аҳли хонаводаҳоямон андешему амал кунем, ҳамоно ғарқи фикру корҳое беҳудаву бемантиқ вақту неруи худро сарф менамоем.

Нафаронеро медонам, ки бо садҳо машаққат дар муҳоҷират маблағеро ба даст меоранд, аммо ба он мошинҳои куҳна мехаранду фақат банди таъмири тӯлонии он мешаванд, ё солгарду шабнишиниҳо ва нишастҳои дигари сермасраф ташкил мекунанд, мисле ки зиндагӣ аз ҳамон чанд рӯз иборат бошаду халос.
Тазоди дигари барои рӯзгор аз он ҳам гаронтар ин худоиҳову худоихӯриҳо мебошанд. Ё худ нафарони дар ин ё он маҳал обрӯманд тасмим мегиранд, ки аз мардум пул ҷамъ оранду дегҳо монанд, раҳгузаронро ба он ҷамъ намоянд. Мардум ҳам «хилофи савоб нашавад» ва ё номус карда аз буҷети оила маблағ дода, дар он саҳм мегиранд.
Аксарият дар ин муҳити худсохт бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд, ки аз дигарон қафо намонанд. Нафаре қарз гирифту маъракаҳоро гузаронд. Ва чанд соли дигар шабу рӯз дар талоши баргардондани қарзҳо сарсон буд. Яъне мо барои худ худамон муҳитеро сохтаем, ба номи муҳити хурофотӣ ва худамон асири он ҳамон вазъу муҳит мондаем ва касе намекӯшад, ки аз он роҳи баромад пайдо кунад.
Вале тааҷҷуби бештар дар он аст, ки чаро зиёиён, ки аслан рисолати равшангариро, раҳнамоиро дар ҷомеа ба дӯш доранд, аз ин вазъ берун омадан намехоҳанд ё наметавонанд.
Ба хотири қазовати беғаразона ба таърихи пайдоиши ин маросими қадимаи суннатӣ рӯ меорем. Дар суннати қадима, ки ба мантиқ ва хирад низ созгор аст, чунин будааст: «Оши худоӣ». Яъне ин ош бояд холисона аз барои Худо бошад, на риё.
Шахсе, ки садҳо километр дуртар, дар қарияе дар Хатлону Зарафшон ва Бадахшони дурдаст, аз дунё гузаштаву ҷанозаву тамоми расму оини маъракаи ӯро наздикону пайвандон ва бахусус ҳамсоягонаш дар ҳамон ҷо гузаронда бошанд, дар тарабхонаҳои Душанбе, Хуҷанд ё шаҳри дигар барои мардуме, ки марҳумро надидаву намешиносанд, дастархони пурнеъмат оростану исроф карданро ба ҷуз аз худнамоии бехирадона чӣ номидан мумкин аст? Бар илова, ин гуна худоихӯриҳои фарсахҳо дур аз савоб барои бозмондагони марҳум ба ҷуз бори гарони буҷети оила ва сарсониҳои бемақсад, чизи дигар ба бор намеорад. Агар маблағи ин маъракаҳои серхарҷро ба хонаи кӯдакони бепарастор ё пиронсолону маризон бурда супорем, ба маротиб бештар савоб мегирем.
Имомназар ҲАҚНАЗАР,
ноҳияи Ишкошим


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.03.2016    №: 45    Мутолиа карданд: 5089
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед