маориф
ОМӮЗГОРИ СОЛ
Рафоат Қувватова дар озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2015» ғолиб омад. Ӯ Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро соли 2010 хатм кардааст. Фаъолиятро пас аз он дар Гимназияи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара оғоз бахшид ва баъдан дар Мактаб – кӯдакистони № 1 – и шаҳри Душанбе идома дод. Аз соли 2013 омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи Гимназияи № 1 - и шаҳри Душанбе мебошад.
Мавсуф худ зимни суҳбат ёдовар шуд, ки нисбат ба дигар омӯзгорон ва хоса иштирокдорони озмун таҷрибаи зиёди корӣ дар ин соҳаи пурмасъулияту душвор надорад. Бо вуҷуди ин ҷасорату матонат ва эътимоду бовар ӯро во дошт, ки дар озмун иштирок бикунад. Шартҳои он махсусан барои омӯзгори ҷавон ҳеҷ осон набуд. Бояд 45 дақиқа дарси озмунӣ бигузарад, он ҳам дар мактаби дигар, бо хонандагони он ва иштироки ҳайати доварону дигар довталабон. Мавзӯи дарс дар ҳамон ҷо интихоб мешавад. Баъдан дарси тарбиявӣ бояд бигузарад. Баргузор намудани маҷлиси синфии падару модарон низ аз шартҳои озмун мебошад. Ва ҳам бояд дарси дигаронро таҳлил бикунад. Бо компютер кор карда тавонад. Ба даҳ саволи озмунӣ доир ба кори соҳаи маориф дуруст ҷавоб бидиҳад. Ҳисоботи эҷодияш, яъне нашри мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ҷавобгӯи талабот бошад.
Кораш бо низом аст ва инро ӯ асоси комёбии худ меҳисобад. Нақшаи инфиродии ҳадафнок дорад. Аз навигариҳо наметарсад, балки онҳоро хуш истиқбол мекунад. Агарчи ҳолиё қариб ҳамаи шароит барои таҳсилу тадриси пурсамар муҳайёст, аммо ҳеҷ гоҳ набудани онро барои пешрафташ сабаб надонистааст. Таваккалро дӯст медорад. Такя ба донишу неруи худ мекунад. Пайваста дар ҷустуҷӯст. Қаноатро дар омӯзишу тадрис намеписандад. Усули дарсгузарии омӯзгорони пуртаҷрибаву навоварро пайваста меомӯзад. Дар дарсҳои онҳо ширкат меварзад. Беҳтарин тавсияҳоро дар дафтар сабт менамояд ва аз рӯи он кор мебарад.
Вақт барояш муҳим арзёбӣ мешавад. Онро ба нақша мегирад ва самаранок истифода мекунад.
- Таърих дар баробари омӯзишу таҳлили дурусти ҳодисаҳо омӯзиши истифодаи мақсадноки вақт низ маҳсуб меёбад. Агар омӯзгор ба моҳияти ин масъалаи басо муҳим хуб сарфаҳм наравад, ба дастовард ноил намегардад.
Оре, нисбати худ серталабу ҷиддист ӯ. Ва ҳолиё бо шавқу рағбати беш аз пеш меомӯзаду меомӯзонад. Барҳақ аст, ки:
Мекунад сероб дар об изтироб,
То кашад лабташнагонро сӯи об.
А.РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.03.2016 №: 47 Мутолиа карданд: 1491