мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон кормандони
воломақомро ба ҳузур пазируфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони воломақоми мақомоти корҳои дохилиро, ки барои таъин шудан ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳод гаштаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Аз ҷумла генерал-лейтенанти милитсия Шералӣ Сабзов барои таъин шудан ба вазифаи сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва 6 нафар ба вазифаҳои сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар ва шӯъбаи корҳои дохилӣ дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе пешниҳод шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат аз талаботи роҳбарияти давлату Ҳукумат оид ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил ва вобаста ба маводи мухаддир ёдовар шуда, онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ва ҷасорату матонат дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти худ ҳидоят намуд.
Сешанбе, 9 июни соли 2009. № 75 (21 582). Соли 85-уми нашр
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1953