logo

порлумон

ИТТИЛОИЯ

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои грантӣ ва қарзӣ оид ба Лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд ба тасвиб расиданд.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки ҳалли масоили шуғли аҳолӣ, омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ, ба роҳ мондани азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вазорат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти системаи маълумот ва омӯзиши касбии  техникӣ, беҳтар кардани заминаи моддию техникии муассисаҳои касбии техникӣ ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим аз соли 2014 дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Бонки осиёии рушд лоиҳаи ин созишномаҳоро омода намуд ва моҳи ноябри соли гузашта ин ҳуҷҷатҳои муҳим ба имзо расиданд.
Назар ба гуфтаи Сумангул Тағойзода, дар доираи созишномаҳо ҳаҷми маблағгузории лоиҳа 34 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз он 15 миллион доллар қарзи имтиёзнок ва 15 миллион доллар ҳамчун грант аз ҳисоби Бонки осиёии рушд мебошад. Инчунин, барои татбиқи лоиҳаи мазкур 2 миллион доллар аз ҳисоби хазинаи «Неруи тозагӣ» ҷудо шуда, 2 миллион доллар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мақсади асосии лоиҳа тақвияти методологияи сохтори маълумоти касбии техникӣ ва таълими калонсолон, таъмири асосии инфрасохтори таълимгоҳҳои интихобшуда, беҳтар намудани дастрасӣ ба барномаҳои муҳими муассисаҳои маълумоти касбии техникӣ, пурзӯр кардани менеҷмент ва роҳбарии соҳа мебошад.
Лоиҳаи мазкур барои татбиқи босамари Барномаи давлатӣ оид ба ислоҳоти системаи маълумоти касбии техникӣ барои солҳои 2013-2020 мусоидат мекунад.
Мавсуф зикр кард, ки оғози лоиҳа моҳи марти соли равон ба нақша гирифта шуда, анҷомаш 31 марти соли 2021 муайян шудааст.
Маводи таълимӣ, барои ихтисосҳои афзалиятнок, дар 29 муассисаи интихобшудаи касбии техникӣ ҷорӣ мешаванд.
Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, масъалаи беҳтар намудани таҳсилоти касбии техникӣ ва тайёр кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи хоҷагии халқи мамлакатро хеле муҳим арзёбӣ кард.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2016    №: 49    Мутолиа карданд: 11137
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед