logo

маориф

МУҲИБА РАҲИМОВА - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Муҳиба Раҳимова, шогирди Литсей - интернати президентии шаҳри Душанбе дар 18 - умин Конфронс - озмуни байналмилалии корҳои илмӣ - техникии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатҳои аъзои ИДМ ба номи «Оғоз ба илм», ки  дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия доир гардид, ширкат варзида, миёни 700 нафар сазовори ҷойи дувум дониста шуд.
Ҳамчунин, М. Раҳимова  соли 2014 дар озмуни даставии хонандагони мактаҳои президентӣ аз фанни математика соҳиби ҷойи аввал ва худи ҳамон сол дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика дар Ҷумҳурии Қазоқистон сазовори ҷойи дуюм гардид. Ӯ соли гузашта дар озмуни 5 - уми байналмилалии корҳои илмӣ оид ба математика ва механика ба номи О. Жолдосбеков соҳиби медали нуқра шуда буд.
Соли ҷорӣ дар озмуни 4 - уми байналмилалии корҳои илмӣ оид ба математика ва механика, ки дар Қазоқистон баргузор шуда буд, сазовори медали биринҷӣ низ гашт.
Баъди таъсис додани басти кории алоҳида оид ба омода кардани хонандагон ба олимпиадаҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил шудем. Яке аз муовинони директори муассиса ба ин самти фаъолият машғул аст. Дар олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ аз фанни забони англисӣ аз даври аввал 13 шогирд гузашта, ба давраи дувум роҳхат гирифтанд. 
Соли ҷорӣ 4 хонандаи муассиса ғолиби олимпиадаҳо аз фанҳои иқтисодӣ дар шаҳри Маскав гардиданд. Ду шогирди мо баъди ноил шудан ба ҷойҳои дуюм аллакай ҳуқуқи донишҷӯи  мактаби асосии  математикаи Русияро доранд.
Бо назардошти вазъи буҳронӣ ва хатари шабакаҳои иҷтимоиву пешгирии наврасону ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу созмонҳои ифротгаро роҳбарияти Литсей - интернати президентии шаҳри Душанбе ба  низоми таҳсил ва имтиёз ба шогирдон навоварӣ ворид кард. То соли гузашта низоми таҳсилоти мо чунин буд, ки агар хонанда дар  анҷоми соли таҳсил зиёда аз 3 - то баҳои се дошта бошад, бояд хориҷ шавад ё ба таври шартномавӣ таҳсил намояд. Соли ҷорӣ ин муқарраротро қатъ кардем. Бо мақсади дастгирии ҷавонон ва додани имтиёз ба онҳо шарти хориҷ шуданро бекор кардем. Баръакс бо шогирдоне, ки баҳои  қанотабахш гиранд, омӯзгорон дарсҳои иловагӣ мегузаронанд ва ташхис мекунанд, ки бачаҳо чӣ мушкил доранд. Рағбати шогирд кам аст, ё мушкил сари он аст, ки омӯзгор ба хонанда таваҷҷуҳи кам зоҳир менамояд. Албатта, на худи омӯзгори фаннӣ, балки муаллими дигар паҳлуҳои мухталифи масъаларо меомӯзад. Оқибат шогирд худаш тасмим мегирад, ки оё лаёқати таҳсил дар муассисаи моро дорад ё не. Ин тартиботро мо аллакай таҷриба кардем. Дар ҷамъбасти чоряки дуюм 12 нафар волидон бо хоҳиши худ фарзандонашонро аз  муассисаи мо гирифтанд.  Иброз доштанд, ки фарзандони онҳо лаёқати таҳсил дар муассисаи моро надоранд ва беҳтар он аст, ки дар муассисаҳои  таҳсилоти миёна дарсашонро идома диҳанд. 
Шароитеро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наврасону ҷавонон дар бахши илму ихтироъкорӣ фароҳам овардаанд, таърихи маорифи миллат ёд надорад. Шароит барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва истифода аз усулҳои таълимии муосир, технологияҳои навин ва стипендияҳо барои аълохонҳо имтиёзҳое ҳастанд, ки фавқулодаанд. Шогирдон ба қадри ин имтиёз ва имконоти хуб бояд бирасанд!

Баҳром ИСМОИЛЗОДА,
директори Литсей - интернати
президентии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2016    №: 51    Мутолиа карданд: 1413
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед