logo

номаҳо

ЧӢ БОЯД КАРД?

БОЗ ДАР БОРАИ МУШКИЛОТИ ЗАБОНОМӮЗӢ
Омӯзиши забони англисӣ ва ё умуман забонҳои хориҷӣ дар кишвар аз муҳимтарин омили асосӣ барои ояндаи ҳар як хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳсуб меёбад.  Новобаста аз он, ки омӯзиши забони англисӣ нисбат ба дигар забонҳои хориҷӣ дар кишвар хуб ба роҳ монда шудааст, аммо боз ҳам дар таълим ва омӯзиши он баъзе камбудиҳо ва норасоиҳо, аз қабили кам будани соати таълимӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар аксар синфҳои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо шумораи хонандагон аз 25 нафар зиёд мебошад. Тавре ки медонем, талабот нисбати омӯзиши фанни забони англисӣ бештар аст ва дар давоми 45 дақиқа ба пуррагӣ аз худ кардани мавзӯъ имкон намедиҳад. Бинобар ин, бо таҷдиди барномаи таълимӣ ба он якчанд тағйирот даровардан лозим меояд. Масалан, омӯзишу тадриси он ба ҷои 2 ё 3 соати як ҳафта бояд ба 5 соат расонда шавад. Алалхусус барои гимназия ва литсейҳое, ки таълимашон бо забони тоҷикӣ аст, ин ногузир мебошад.  Дар чунин сурат таълиму тадрис самараи дилхоҳ медиҳад. Мавриди зикри махсус аст, ки вақте шумораи талабагон на кам аз 12 - 13 нафарро ташкил медиҳад, муаллим метавонад пурра мавзӯъро баён намуда, онро мустаҳкам кунад ва дониши талабагонро санҷад. Ба омӯзгор имконият пайдо мешавад, то ки аз болои худ кор кунад, дафтарҳоро мунтазам тафтиш намояд, аёният тайёр карда, бо талабаи сустхон мустақилона кор барад. Дарсҳо дар кабинетҳои лингафон ва таҷрибавӣ бо техникаву технологияҳои навин муҷаҳҳазонидашуда гузаронда шавад.
Дониши забонии бисёре аз омӯзгорони ин фан маҳдуд аст. Омӯзиши онҳо туфайли устодон ва истифода аз китобҳои таълимӣ сурат гирифтааст. Яъне ба хориҷи кишвар барои такмили забономӯзӣ сафар накардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки бархе аз муаллимони ҷавон барои таҷрибаомӯзӣ ба давлатҳои хориҷи кишвар равон карда шаванд, то ки мутахассиси варзида шуда баргарданду насли наврасро дар сатҳи баланди касбӣ таълиму тарбия диҳанд. Дар ин сурат ба дастовардҳои назаррас ноил гардида метавонем. Пас аз он, албатта, мутахассисони ояндаи кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи сазоворро пайдо мекунанд.

Умеда САФАРОВА, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2016    №: 51    Мутолиа карданд: 6963
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед