порлумон
ИТТИЛОИЯ
НОМИ БАЪЗЕ ҲАВЗАҲОИ РАЪЙПУРСӢ ТАҒЙИР ЁФТ
11 март дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Худоёрзода Бахтиёр Тавар, раиси комиссия, ҷаласаи навбатӣ баргузор шуд. Дар он як қатор масъалаҳои муҳими давраи омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бинобар тағйир ёфтани номи баъзе шаҳру ноҳияҳо, ки бо қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 марти соли 2016, амалӣ карда шуд ва дар асоси талаботи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба қарори худ, аз 15 феврали соли 2016, тағйирот ворид намуд, ки мувофиқи он ҳавзаи раъйпурсии Ҳисор № 15 ба ҳавзаи раъйпурсии шаҳри Ҳисор № 15, Ҷиргатол № 16 ба Лахш № 16, Тавилдара № 12 ба Сангвор № 12, Қайроққум № 29 ба Гулистон № 29, Чкалов № 33 ба Бӯстон № 33, Ғончӣ № 37 ба Деваштич № 37, Ҷалолиддин Румӣ № 57 ба Ҷалолиддин Балхӣ № 57, Қумсангир № 58 ба Ҷайҳун № 58, Ҷиликӯл № 66 ба Дӯстӣ № 66, Шӯрообод № 68 ба Шамсиддин Шоҳин № 68 иваз карда шуд. Инчунин, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба мақсади ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият доранд, ба раъйпурсии умумихалқӣ мувофиқи талаботи моддаҳои 14 ва 17-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати ташкили участкаҳои раъйпурсӣ дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар қарор қабул намуд.
Мувофиқи қарори мазкур дар 29 давлати ҷаҳон дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 участкаи раъйпурсӣ ташкил карда шуд. Участкаҳои раъйпурсӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидаанд, тибқи рақамҳои аз 41 то 76 ба ҳавзаи раъйпурсии Шоҳмансур № 3 мансубанд ва комиссияҳои участкавии раъйпурсии мазкур натиҷаҳои овоздиҳиро ба он пешниҳод менамоянд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.2016 №: 51 Мутолиа карданд: 11301