мулоқотҳо
СЕРГЕЙ МИХАЙЛОВ ВА МИХАИЛ ГУСМАН ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
14 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии Агентии иттилоотии Русия «ТАСС» Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро, ки барои иштирок дар ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши иттилоот дар ҷаҳони муосир изҳори ақида карда, зикр намуд, ки ВАО дар ташаккули афкори умум ва идора кардани он нақши калидӣ доранд, бино бар ин мо тамоми чорабиниҳоеро, ки ба ҳамкорӣ дар ин самт нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем.
Вобаста ба воқеаҳое, ки дар ҷаҳони имрӯза, дар Шарқи Наздик, хусусан дар наздикии сарҳади ҷанубии ИДМ рух медиҳанд, ҳамкории самарабахши ВАО - и давлатҳои мо дар самти муқовимат ба тарғиботи таҳрифкоронаи қувваҳои терроризми ҷаҳонӣ ва ифротгароии диниву мазҳабӣ ниҳоят муҳим аст.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳои гуногун, аз қабили муносиботи стратегии Тоҷикистону Русия, нақши Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар мавзӯъҳои ҷолиб табодули афкор сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.03.2016 №: 52 Мутолиа карданд: 4862