мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ САРДОРИ ДАВЛАТ БО ВАН ЛИН
14 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Ширкати “Поли Технолоҷи” - и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Линро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуданд.
- Мо аз сатҳи ҳамкориҳо ва рушди муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар асоси анъанаҳои неки дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми накуи ҳамҷаворӣ сурат мегиранд, қаноатманд ҳастем, - таъкид дошт дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди бахши энергетика, бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои гуногун, пешрафти соҳаҳои саноат ва сохтмонро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки бо истифода аз технологияи муосир ва захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон аст, барои тараққиёти босуръати бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар саҳм гузошта шавад. Аз иштироки фаъоли ширкатҳои бонуфузи чинӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими дорои аҳамияти минтақавӣ изҳори қаноат карда шуд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, инчунин, дигар мавзӯъҳои барои ҳар ду ҷониб судмандро баррасӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.03.2016 №: 52 Мутолиа карданд: 4939