номаҳо
МОХИТО МАРАКУЙЯ, ЯЪНЕ ЧӢ?
Боз дар бораи тозагии забон
Хуб аст, ки дар кишвар маҳсулоти гуногуни қаннодии маҳаллӣ тадриҷан бо сифати худ таваҷҷуҳи шаҳрвандонро ҷалб мекунад. Ҳамзамон он бо қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба пешрафти иқтисоди мамлакат мусоидат менамояд. Аммо навиштаҳои рӯи коғази ин маҳсулот ҷавобгӯи талабот нестанд. Ҳол он ки ислоҳи онҳо ҳеҷ мушкилие надорад. Фикр мекунам, ки масъулон бояд дар ин кор ба онҳо ёрии худро бирасонанд ва маслиҳат диҳанду дар рафъи камбудиҳои ҷойдошта саҳм бигиранд.
Яке аз ин маҳсулот бо номи «Лаззат» шуҳрат дорад. Коғази рӯи он зебо ва ҷавобгӯи талабот мебошад. Вале саҳлангорию бетафовутӣ дар навиштаи он равшан ба назар мерасад: -
«Ҷумҳурии Тоҷикистон, ЧСП «Лаззат»
Шаҳри Душанбе Гузаргоҳи 1-уми, кучаи Афзали – 17».
Ва ҳам: «Таркиб: шакар, какао, равғани палма, вараки вафли. Эсенсияи шоколад, курби неруй 527.».
Нахуст кас фикр мекунад, ки сабаби роҳ ёфтани хатоҳои имлоӣ ҳуруфоти русист. Вале чунин нест. Чаро? Чунки масъулон дар навиштани «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе» ба хато роҳ надодаанд. Яъне имкони навиштани ҳарфҳои тоҷикии «ҳ», «қ», «ғ», «у» ва «и»-и дароз (ӯ, ӣ) мавҷуд будааст.
Агар калимаҳои «палма» ва «эсенсия» -ро ба шакли тоҷикии он тағйир медоданд, нуран ало нур мешуд.
Дар рӯи коғази навъи маҳсулоти қаннодии «Мармепад» (шояд «мармелад» бошад) чунин маълумотро мехонем: «Истеҳсолкунанда: с/и Муротов Ф.
Точикистон. Душанбе».
ҶДММ «Фабрикаи қаннодии Амири» ба ҷуз дар номи худ (Амирӣ) дар навишти суроға ба хато роҳ надодааст. Ин қадар ҳаст, ки номи маҳсулот «Тропикана» мебошад ва «Амирӣ» - ро дар дохили кишвар, яъне Тоҷикистон бо ҳуруфоти англисӣ тарғиб карданӣ мешаванд. Барои ман навиштаи «мохито маракуйя» нофаҳмо монд.
Албатта, тавре мегӯянд, «мушт намунаи хирвор» аст. Яъне аксар навиштаҳои рӯи коғазҳои маҳсулоти ватанӣ пури пур аз ин гуна хатоҳо мебошад. Бисёр хуб мешуд, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин масъала махсус аҳамият медод ва дар рафъи хатоҳои ҷойдошта ёрии худро мерасонд. Охир ин хатоҳо танҳо хатоҳои ин ё он корхонаву фабрика ва ҷамъияти саҳомӣ нест, балки хатоҳои миллат маҳсуб меёбад.
Н. ВАҲҲОБОВ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.03.2016 №: 5 Мутолиа карданд: 7383