қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9-10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7-8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7-9, мод. 707, мод. 708; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015, № 1234; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015, № 1262), тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Ном ва диспозитсияи қисми 1 моддаи 311 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 311. Риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори хавфнок, калонҳаҷм, вазнин ва маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ бо нақлиёти автомобилӣ
1. Барои аз тарафи ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори хавфнок, калонҳаҷм, вазнин ва маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум,-».
2. Ба моддаи 323 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Барои худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи байналмилалии хатсайр ё то охири он нарафтан (ба истиснои хатсайри муқарраршудаи таҳвили молҳои таҳти назорати гумрукӣ қарордошта), -
ба андозаи аз ҳаштод то сад нишон-диҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2016, № 1279
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2016, № 344
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 марти соли 2016, № 176
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.03.2016 №: 56-57 Мутолиа карданд: 1529