қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Дар қисми 2 моддаи 119 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод.502; с. 2014, №3, мод.145, №7, қ.1, мод.391, №11, мод.644; с. 2015, №3, мод.202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015, №1235) калимаҳои «сардори Раёсати» ба калимаҳои «директори Агентии» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2016, № 1280
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2015, № 277
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 марти соли 2016, № 177
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.03.2016 №: 56-57 Мутолиа карданд: 1451