қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АМНИЯТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 «Дар бораи амният» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 434; с. 2014, №11, мод. 646) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- манфиатҳои ҳаётан муҳим – маҷмӯи эҳтиёҷоте, ки аз қонеъгардонии онҳо мавҷудият ва рушди шахсият, ҷамъият ва давлат вобаста мебошад;»;
- дар сархати ҳаштум калимаи «вазъи» ба калимаҳои «ҳолати муҳофизатии» иваз карда шавад.
2. Дар сархати дуюми моддаи 5 калимаи «устувории» ба калимаи «суботи» иваз карда шавад.
3. Дар қисми 1 моддаи 6:
- дар сархати якум калимаи «ҷиноятҳои муташаккил» ба калимаҳои «ҷинояткории муташаккилона, ҷиноятҳои трансмиллӣ, савдои одамон» иваз карда шавад;
- ба сархати ёздаҳум пас аз калимаи «давлат» калимаҳои «, аз ҷумла тавассути қочоқ, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин номуътадил гардонидани вазъи молиявии кишвар» илова карда шаванд.
4. Ба моддаи 7 пас аз калимаҳои «мақомоти давлатӣ» калимаҳои «, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова карда шаванд.
5. Дар сархати якуми моддаи 8 калимаи «хориҷӣ» ба калимаи «берунӣ» иваз карда шавад.
6. Ба моддаи 10 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бо пешниҳоди Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсия ва стратегияи амнияти миллиро тасдиқ менамояд;».
7. Дар моддаи 12:
- ба сархати дуюм пас аз калимаи «менамояд» калимаҳои «, иҷрои консепсия ва стратегияро дар соҳаи таъмини амният амалӣ месозад» илова карда шаванд;
- ба сархати панҷум пас аз калимаи «меандешад» калимаҳои «, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бо мақсади таъмини амният чораҳои маҷбуркунии давлатӣ (муҷозот) муқаррар менамояд» илова карда шаванд.
8. Ба қисми 1 моддаи 18, қисми 1 моддаи 20, қисми 1 моддаи 21 ва қисми 3 моддаи 23 пас аз калимаҳои «мақомоти давлатӣ,» калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,» илова карда шаванд.
9. Дар моддаи 28:
- ба қисми 3 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Котиби Шӯрои амният фаъолияти Шӯрои амниятро ташкил ва ба дастгоҳи Шӯрои амният роҳбарӣ менамояд.»;
- ба қисми 4 пас аз калимаҳои «мақомоти амнияти миллӣ,» ва «мушовирон» мувофиқан калимаҳои «мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб ва мақомоти» ва «ва коршиносон» илова карда шаванд.
10. Дар моддаи 29:
- дар қисми 1:
- дар сархати дуюм калимаи «хориҷӣ» ба калимаи «берунӣ» иваз карда шавад;
- ба сархати панҷум пас аз калимаҳои «ҳокимияти давлатӣ» калимаҳои «, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова карда шаванд;
- дар қисми 2:
- дар сархати сеюм калимаи «консепсияи» ба калимаҳои «консепсия ва стратегияи» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаи «низомӣ» ба калимаи «ҳарбӣ» иваз карда шавад.
11. Ба моддаи 33 пас аз калимаҳо ва рақамҳои «мод. 48» ва «мод. 333» мувофиқан калима ва рақами «, фасли XXIV» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2016, № 1283
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 феврали соли 2016, № 359
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 марти соли 2016, № 180
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.03.2016 №: 56-57 Мутолиа карданд: 1488