қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАЙЁРИИ ВАРЗИШӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» аз 19 марти соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод.196) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- дар сархати якум калимаи «давраи» ба калимаи «зинаи» иваз карда шавад;
- дар сархати дуюм пас аз калимаҳои «стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ» калимаҳои «ва барномаҳои тайёрии варзишӣ» илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 6:
- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«-тасдиқи барномаҳои тайёрии варзишӣ дар асоси пешниҳоди федератсияҳои варзишӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишӣ;»;
- дар сархати сеюм калимаҳои «дастаҳои мунтахаби варзишӣ» ба калимаҳои «дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои варзиш» иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои «ва барномаҳои тайёрии варзишӣ» хориҷ карда шаванд.
3. Дар моддаи 9:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Тайёрии варзишӣ дар зинаҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- варзишӣ-солимгардонӣ;
- тайёрии ибтидоии варзишӣ;
- машқӣ-варзишӣ;
- мукаммалгардонии маҳорати варзишӣ;
- варзиши маҳорати олӣ.»;
- дар қисмҳои 2 ва 5 калимаҳои «давра» ва «давраи» мувофиқан ба калимаҳои «зина» ва «зинаи» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 10:
- дар қисми 1 калимаи «давраҳои» ба калимаи «зинаҳои» иваз карда шавад;
- аз қисми 2 калимаҳои «ва барномаҳои тайёрии варзишӣ, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, тасдиқ ва» хориҷ карда шаванд;
- аз қисми 3 калимаҳои «таҳия ва» хориҷ карда шаванд.
5. Дар қисми 2 моддаи 11 калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» ба калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 2 моддаи 12:
- аз сархати сеюм калимаҳои «барномаҳои тайёрии варзиширо таҳия ва тасдиқ кунад,» хориҷ карда шаванд;
- дар сархати шашум калимаҳои «барномаҳои тайёрии варзишии давраҳои» ба калимаҳои «стандартҳои давлатӣ ва барномаҳои тайёрии варзишии зинаҳои» иваз карда шаванд.
7. Дар сархати якуми қисми 3 моддаи 14 калимаи «давраҳои» ба калимаи «зинаҳои» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2016, № 1296
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 27 январи соли 2016, № 328
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 марти соли 2016, № 193
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.03.2016 №: 56-57 Мутолиа карданд: 1405