қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, №9, мод.115; с.2003, №4, мод.149; с.2004, №2, мод.45; с.2005, №12, мод.651; с.2009, №5, мод.339; с.2013, №7 мод.537, №12, мод.901) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми дуюми моддаи 4 сархати понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- муқаррар намудани Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда;».
2. Дар қисми дуюми моддаи 5, сархати якуми қисми якуми моддаи 11, моддаи 12, қисмҳои якум, дуюм, сеюм, панҷум ва шашуми моддаи 13, қисми сеюми моддаи 14, қисми сеюми моддаи 19, қисми чоруми моддаи 22, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 26, қисми якуми моддаи 30, қисмҳои панҷум, ҳафтум, нуҳум, ёздаҳум, дувоздаҳум ва сездаҳуми моддаи 33, қисмҳои сеюм, чорум, шашум ва нуҳуми моддаи 34, қисми панҷуми моддаи 36, қисми сеюми моддаи 38, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 50, қисми дуюми моддаи 53, қисми дуюми моддаи 54, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 55, моддаи 56, қисми дуюми моддаи 57, моддаи 58, қисми якуми моддаи 60, қисми дуюми моддаи 61, қисмҳои якум, сеюм ва чоруми моддаи 62, қисми дуюми моддаи 64, қисми сеюми моддаи 66, қисми чоруми моддаи 70, қисми сеюми моддаи 74, қисмҳои дуюм ва чоруми моддаи 76, қисми сеюми моддаи 77 калимаҳои «Вазорати нигоҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқан ба калимаҳои «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
3. Моддаи 25 хориҷ карда шавад.
4. Моддаи 391 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 391. Уҳдадориҳои шахсони никоҳшаванда оид ба гузаштани муоинаи тиббии ҳатмӣ
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ақди никоҳ мебанданд, аз муоинаи тиббии ҳатмӣ дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳали зист ё истиқомати доимӣ ба таври ройгон мегузаранд. Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2016, №1293
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 январи соли 2016 № 300
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани
тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 марти соли 2016, № 190
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.03.2016 №: 56-57 Мутолиа карданд: 1479