барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА МУҲАММАД НАВОЗ ШАРИФ
28 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари фоҷиабори ҳалокати даҳҳо мардуми бегуноҳ, минҷумла занону кӯдакон ва ҷароҳати вазнин бардоштани садҳо нафар бар асари таркиши даҳшатангез дар шаҳри Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андуҳи бузург ва нафрати беандозаи инҷониб гардид.
Мо бо нигаронии шадид ин амали ваҳшиёнаи неруҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум намуда, ҳамбастагии худро бо талошҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳри тақвияти муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифротгароӣ таъкид менамоем.
Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба халқи кишвари дӯсти Покистон ва наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.03.2016 №: 61 Мутолиа карданд: 10947