фармонҳои президент
ФАРМОНИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ятимзода А. Т.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ятимзода Акбар Табарӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 марти соли 2016, № 659
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.03.2016 №: 62 Мутолиа карданд: 5410