сафарҳо
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав
14 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия сафар кард.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷии мамлакат Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, котиби Шӯрои амният Амирқул Азимов, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар ашхоси расмӣ гусел карданд.
Ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуд.
Дар ҷаласа масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуданд.
Масъалаи вобаста ба таъсис додани Нерӯҳои муштараки зудамал ва омода намудани заминаи ҳуқуқии фаъолияти онҳо аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиши сарони давлатҳо буд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ташкил ёфтани чунин нерӯҳоро аз қадамҳои муҳими кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар роҳи муқовимат ба хатарҳои терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир арзёбӣ намуд ва ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки бояд дар доираи ин созмон бештар санадҳое қабул шаванд, ки ба ҳамкории мушаххаси мақомоти дахлдори миллию байнидавлатӣ мусоидати фаъол намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкории Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ оид ба мӯътадилгардонии вазъият дар Афғонистон пуштибонӣ намуд.
Сешанбе, 16 июни соли 2009. № 77 (21 584). Соли 85-уми нашр
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2921