маориф
ММТ: ОНЛАЙН – ТЕСТ ҶОРӢ МЕШАВАД
Шомилшавии довталабон ба макотиби олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ тайи ду соли охир нишон дод, ки низоми мазкур метавонад ноадолатиҳоро дар ин ҷода аз байн барад. Ин раванд, ҳамчунин, мушкилоти шаҳрвандонро ҳангоми супурдани ҳуҷҷатҳо хеле кам кард.
Ҷаъфар Сабзаалиев, муовини аввали директори Маркази миллии тестӣ, чунин иброз дошт, ки «ин система метавонад амалҳои номатлубро ҳангоми имтиҳонсупорӣ бартараф созад. Дар марказ тайи ду соли охир ҳодисаҳои ришваситонӣ ва дигар қонуншиканӣ қариб ба қайд гирифта нашудааст. Дар тамоми минтақаҳо, новобаста ба тобеият ба табақаҳои иҷтимоӣ, дастрасӣ ба марказ баробар аст. Натиҷаи имтиҳонсупории марказонидашудаи тестӣ ба донишу лайёқати довталаб марбут мебошад.
Фаъолияти марказ нишон медиҳад, ки эътимоди довталабон дар муқоиса ба солҳои пешин ба комиссияҳои имтиҳонгиранда муътамад гардидааст. Аз ин лиҳоз, фарқе нест, ки довталаб фарзанди кӣ ва аз кадом табақа мебошад. Сол аз сол теъдоди нафароне, ки мехоҳанд тариқи маркази миллии тестӣ имтиҳон супоранд, хеле афзуда истодааст. Имсол барномаи махсусро дар нақша гирифтем. Он тести онлайн (онлайн тестирование) мебошад ва бо ин тарз довталаб метавонад дониши худро санҷида мукаммал гардонад. Ба наздикӣ мо онро барои хубтар омода шудани довталабон дар сомона мегузорем. Инчунин пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва такмилдиҳии барномаҳоро вусъат дода истодаем».
Яке аз ҳадафҳои марказ дар баробари он ки ба сифати таҳсилот таъсири мусбат расонад, дар фаъолияти худ аз технологияи коммуникатсионӣ ва барномаҳои компютерӣ васеъ истифода бурдан мебошад. Дар бораи фаъолияти марказ Аъзам Худойдодов, муовини ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон чунин иброз дошт: «Соли аввал баъзе нофаҳмиҳо дар фаъолияти он вуҷуд дошт. Вале ин ҳолат солҳои минбаъда бартараф шуд. Довталабоне, ки аз надоштани воситаву маблағ шикоят мекарданд, аз ин дарди сар озод шуданд. Фикр мекунам, ки солҳои минбаъда низ ҳамин гуна шаффофияташро аз даст намедиҳад. Он барномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифт ва дар амал татбиқ шуда истодааст, ба манфиати тамоми аҳолӣ, аз ҷумла хатмкунандагони мактабҳо мебошад».
Марказ ҳар сол низоми кории худро такмил медиҳад. Ба ин низом дар соли 2016 - 2017 баъзе тағйирот ворид намуданд, ки дар «Роҳнамои довталаб» ҷойгир шудааст. Барои гурӯҳи маъюбони якум ва дуюм, ятимон ва бепарасторон имтиёзҳои махсус пешбинӣ шудааст. Ба холи умумии иштироккунандаҳои олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва дорандагони медалҳои тилло ва нуқраи он холҳои иловагӣ дода мешавад. Барои ҷавонмардоне низ, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, холҳои иловагӣ пешбинӣ шудааст. Имсол бо пешниҳоди Маркази миллии тестӣ баъзе гузаштҳо намуданд, ки ба манфиати кор хоҳад буд.
Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.03.2016 №: 62 Мутолиа карданд: 1485