logo

мулоқотҳо

Сӯҳбати пурмӯҳтавои Эмомалӣ Раҳмон бо Ху Тсзинтао

15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин, ки сол ба сол таҳкиму густариш меёбад, баррасӣ шуданд.

Аз афзоиши мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки ҳаҷми он дар соли 2008 аз 1 миллиарду 250 миллион доллари ИМА гузашт ва дар семоҳаи якуми соли равон аз болоравии он изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ху Тсзинтао иттилоъ дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои дастгирии чораҳои зиддибӯҳронии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷудо намудани 60 миллион  юан кӯмаки бебозгашт қарор қабул намуд.
Бо хушнудӣ таъкид гардид, ки тамоми санадҳои ҳамкории миёни ду кишвар, аз ҷумла оид ба сохтмони роҳу пулҳо, туннели Шаҳристон ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқи Лолазор-Хатлон ва  Ҷануб-Шимол дар Тоҷикистон, бо суръат ва сифати баланд амалӣ мегарданд.
Сарони ду давлат омодагии худро баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории барои ҳар  ду ҷониб судбахш, аз ҷумла оид ба сохтмону азнавсозии роҳи мошингарди Кулма-Хоруғ-Кӯлоб-Данғара-Душанбе ва минтақаи озоди тиҷоратию нақлиётӣ дар ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон таъкид намуданд.
Изҳори боварӣ  шуд, ки татбиқи санадҳои  миёни Тоҷикистон ва ноҳияи Синтсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баимзорасида оид ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Нуробод – 1» дар болои дарёи Хингоб, Маркази нави барқу гармидиҳии бо ангишт коркунанда дар шаҳри Душанбе ва корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна дар ояндаи наздик оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ ба кор дароварда мешаванд.
Бо назардошти нақшаҳои калони ҳамкории иқтисодӣ бунёди Хазинаи муштараки сармоягузории Тоҷикистону Чин зарур шумурда шуд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки татбиқи нақшаю барномаҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону Чин ба нафъи кулли минтақа ва рушди ҳамкориҳои судманди минтақавӣ буда, ба таҳкими амнияту субот, аз ҷумла дар Афғонистони азиятдида низ мусоидат хоҳад намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили ҳарбӣ-  сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ки аз самтҳои асосии ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай аст, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Сешанбе, 16 июни  соли  2009.  № 77 (21 584). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1966
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед