сафарҳо
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон
бо Эдуард Россел
Бегоҳии 14 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз шаҳри Маскав ба шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия сафар кард.
Субҳи 15 июн Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия губернатори вилояти Свердловск Эдуард Росселро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи муҳими Федератсияи Русия ва ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуданд.
Аз амали як созишнома миёни Тоҷикистону вилояти Свердловск оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ, Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи ин созишнома ва фаъолияти босамари Гурӯҳи муштараки ҳамоҳангсози ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ шуд.
Кори пурсамари корхонаи муштараки Ширкати саноатию молиявии «УралПромСервис», ки асосан ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла ташкили намоишгоҳҳо ва фурӯши масолеҳ ва техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ машғул аст, натиҷаи татбиқи ҳамин гуна санадҳо арзёбӣ гардид.
Аз иштироки корхонаҳои саноатии ин минтақа дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва Роғун низ изҳори қаноатмандӣ гардид.
Бо назардошти имконоти фарохи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону минтақаи Урали Федератсияи Русия изҳори боварӣ шуд, ки корхонаҳои муштараки зиёд оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истихроҷу коркарди захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон минбаъд бештар бунёд хоҳанд ёфт.
Соҳаи туризм, аз ҷумла туризми экологӣ, аз самтҳои ояндадори ҳамкории минбаъда арзёбӣ гардид.
Эдуард Россел ҳам ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тавассути истифодаи имконоти саноатии вилояти Свердловск дар Тоҷикистон, ҳам ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба минтақаи Урал изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Мусоҳибон омодагии худро баҳри ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва ба роҳ мондани касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои кор дар ин минтақа таъкид намуданд.
Ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ба кори худ имрӯз шурӯъ намуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард.
Сешанбе, 16 июни соли 2009. № 77 (21 584). Соли 85-уми нашр
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3008