маориф
«КИТОБҲОИ НАВИ ДАРСИРО ХОҲОНЕМ»
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин номаи шаҳрванд аз шаҳри Қӯрғонтеппа Б. Аминов, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 29 - уми октябри соли 2015 нашр шудааст, қайд менамояд, ки китобҳои дарсӣ тибқи «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба иҷора дода мешаванд. Тартиби мазкур бо мақсади дастгирии аҳолии камбизоат ва паст кардани сатҳи камбизоатии шаҳрвандон ҷорӣ карда шудааст. Аз ин рӯ, ба савдои озод баровардани китобҳои дарсӣ хилофи муқаррароти тартиби иҷора мебошад. Гузашта аз ин, ҳанӯз ҳам на ҳамаи падару модарон имкони барои фарзандонашон харидорӣ кардани китобҳои дарсиро доранд. Мушкили дигар дар ин самт ин аст, ки дар сурати ба савдои озод баровардани китобҳои дарсӣ норасоии он дучанд мешавад. Чунки вақте хонанда китобро харидорӣ мекунад, он китоб ба мисли низоми иҷора дубора ба мактаб барнамегардад ва дар натиҷа норасоии китобҳои дарсӣ ба вуҷуд меояд. Ин амал метавонад ҳамчунин боиси гаронии нархи китобҳои дарсӣ шавад. Бинобар ин, дар шароити имрӯза бо назардошти сатҳи зиндагии аҳолӣ низоми иҷораи китобҳои дарсӣ роҳи осонтарини дастрасӣ ба китобҳои дарсӣ буда метавонад.
Аммо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари роҳандозии низоми иҷораи китобҳои дарсӣ, аз ҷониби дигар ҳуқуқи онҳоеро, ки хоҳиш ва имкони харидории китобҳои дарсиро доранд, поймол накарда, баръакс дар назди бинои асосии вазорат фаъолияти дукони савдои китобро ба роҳ мондааст. Аз ин рӯ, нафароне, ки имкони харидорӣ кардани китобҳои дарсиро доранд, аз мағозаи китоби назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои дарсиро бо нархи ягонаи аз ҷониби вазорат тасдиқшуда дастрас карда метавонанд.
Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
АЗ ИДОРА:
Ёдовар мешавем, ки шаҳрванд Б. Аминов аз куҳнаву фарсуда будани китобҳои дарсӣ шикоят намуда, изҳор дошта буд, ки имкони харидории китобҳои наву тозаи дарсиро ӯ ва бархе аз шаҳрвандон доранд. Яъне онҳоро ба фурӯш бароваранд. Аммо на ҳама имкону фурсати омаданро ба дукони савдои китоб, ки дар назди вазорат мебошад, доранд. Ва дари ин дукони китоб на ҳамеша кушодааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.04.216 №: 63 Мутолиа карданд: 5428