мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФРАНК ВАЛТЕР ШТАЙНМАЙЕР
1 апрел дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи САҲА, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Франк Валтер Штайнмайерро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон, ҳамчунин, ҳамёрии ду кишвар дар доираи Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки “Тоҷикистон авлавиятҳои дар давраи раисии Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар САҲА муайяншударо дастгирӣ карда, таҷдиди муколама ва эҳёи эътимоду амният дар фазои САҲА, тақвият бахшидан ба иқтидори он, истифодаи фаъоли имконоти созмон дар рафъи буҳрон ва ҳалли низоъҳоро дар мадди назари аввал қарор медиҳад”.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла амнияту субот дар Осиёи Марказӣ, мушкилоти Афғонистон, вазъи сарҳадот, терроризму экстремизми динӣ ва ҷиноятҳои муташаккил табодули афкор карда, рушду тавсеаи ҳамгироиҳоро дар ин самт ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуданд.
Дар мулоқот аз Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои кумак ҷиҳати дастрасӣ ба Бунёди Иқлими Сабз дар доираи Барномаи “Омодагӣ ба маблағгузории иқлим” ва мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёту хизматрасонии Тоҷикистон арзи сипос карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Валтер Штайнмайер барои рушду тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ омодагию ҳавасмандии хешро баён намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.04.2016 №: 64 Мутолиа карданд: 5575