logo

порлумон

МАҚСАД - КАФОЛАТИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ДАСТГИРШУДАГОН

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 8 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.  

Ҳотам Назарзода, муовини якуми Прокурори генералӣ, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» иброз дошт, ки ҳанӯз моҳи октябри соли 2011 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ ҳисобот пешниҳод намуда буд. Дар ҷараёни муҳокима аз ҷониби давлатҳои аъзои Шӯрои ҳуқуқи инсон як қатор тавсияҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа пешниҳод гардида, ҷиҳати иҷрои онҳо бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 апрели соли 2013, Нақшаи амалҳо барои солҳои 2013-2015 тасдиқ карда шуд. Ҳамзамон, моҳи ноябри соли 2012 Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар ин самт тавсияҳо низ пешниҳод намуд, ки 15 августи соли 2013 аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи амалҳо оид ба иҷрои онҳо тасдиқ шудааст. Ин ниҳодҳои байналмилалӣ тавсия додаанд, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ҷиҳати тақвияти кафолатҳои ҳуқуқии дастгиршудагон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шавад. Аз ҷумла, дар китоби бақайдгирии дастгиршудагон бояд сана ва вақти ҷойгир намудани дастгиршуда дар тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ, ному насаби шахси мансабдоре, ки дар амалиёти дастгиркунӣ иштирок кардааст, асос барои ҷойгир намудани дастгиршуда дар тавқифгоҳ, натиҷаи муоинаи тиббӣ, сана ва вақти аз дастгиркунӣ ва ҷойи нигоҳдории дастгиршуда хабар додани хешовандон, сана ва вақти ба тавқифгоҳҳои тафтишотӣ гузарондан ё озод кардани дастгиршуда нишон дода шавад.
Назар ба гуфтаи мавсуф, ин таклифҳо қобили дастгирӣ буда, айни ҳол масъалаҳои бақайдгирии ҷойгиркунии шахс дар тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра танзим нашудаанд. Ҳамзамон, тавсия дода шудааст, ки бо мақсади роҳ надодан ба дурудароз дар тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ нигоҳ доштани дастгиршудагон муҳлати ниҳоӣ нишон дода шавад. Лоиҳаи мазкур ба иҷрои ҳамаи тавсияҳо равона шудааст. Мувофиқи лоиҳа шахсоне, ки нисбаташон чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ шудааст, дар тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ набояд беш аз се шабонарӯз нигоҳ дошта шаванд. Ҳамчунин, дар лоиҳа ба қайд гирифтани тамоми маълумоте, ки дар тавсияҳо пешбинӣ шудаанд, муқаррар гардидааст.
Бо тавсияи ниҳодҳои байналмилалӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардид. Ҳотам Назарзода зимни ташреҳи лоиҳа иброз дошт, ки ба моддаи 6 илова ворид гардида, дар он лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ шарҳ дода мешавад. Дар моддаи 46 бо иловаи сархати нав – ҳуқуқи гумонбаршуда ба дастрасии бетаъхир ба ҳимоятгар зикр мегардад. Дар қисми сеюми моддаи 9 лаҳзаи оғози муҳлати дастгиркунӣ шарҳ дода мешавад. Дар дигар моддаҳо тартиби дастгиркунӣ ва таъмин намудани кафолатҳои мурофиавии ҳуқуқии шахс аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ, хабардор кардани  хешовандон, мафҳумҳои баҳодиҳӣ ва далелҳо, номгӯй, асосҳо ва тартиби ғайри қобили қабул ҳисобидани далелҳо пешбинӣ шудааст.
Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон, зимни баррасии ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» иброз дошт, ки иловаҳои ба қисмҳои 1, 2 ва 3-и моддаи 2 хусусияти таҳрирӣ дошта, ҳалли ҳама гуна қонунвайронкуниҳоро ба зиммаи суд вогузор менамояд. Тавре ки баҳсҳо дар соҳаҳои дигар низ аз тариқи суд ҳал карда мешаванд, қисми 3 моддаи 2, иловаи 2 бо пешниҳоди гурӯҳи корӣ аз лоиҳа хориҷ карда шуд.
Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, зикр кард, ки фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо қарори муассис, бо сабаби азнавташкилдиҳӣ ва ҳалномаи суд қатъ мегардад. Дар сурати аз тарафи ВАО риоя нагардидани муқаррароти қонунгузорӣ Прокурори генералӣ ва ё прокурорҳои тобеи ӯ ба воситаҳои ахбори омма дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо амри хаттӣ фиристода, муҳлати бартараф кардани онҳоро муқаррар менамоянд.
Мунаввари САФАР,
 «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.04.2016    №: 65    Мутолиа карданд: 11370
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед