қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 4 апрели соли 2016, № 165, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти
давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Неъматзода Ф. Н.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Неъматзода Фаррух Неъмат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.04.2016 №: 66 Мутолиа карданд: 10735