илм
ДИССЕРТАТСИЯҲО БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДИФОЪ ШАВАНД, АММО…
Посух ба мақолаи Муҳаммаддовуд Саломов, устоди ДМТ, («Ҷумҳурият», 2016, № 51, 52 )
Бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоди алоҳида, ки дар баробари муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ бевосита ба назорату масъулияти тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ - омӯзгории сатҳи олиро ба уҳда дошта бошад, ба номи «Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, № 255 таъсис ёфт. Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як иқдоми навбатӣ ва саривақтӣ дар роҳи таъмин ва таҳкими истиқлолияти кишвар дар самти тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгории сатҳи олӣ мебошад.
Аввалин коре, ки анҷом додем, ин таҳияи Низомномаи КОА буд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 504, аз 17 июни соли 2015 ба тасвиб расид.
Муҳимтарин ва мубрамтарин масъалае, ки имрӯз матраҳ аст, ба кор ҷалб намудани мутахассисони варзидаву болаёқат мебошад, ки нарасидани онҳо ҳоло ҳам эҳсос мегардад.
Муаллифи мақола паҳлуҳои гуногуни раванди омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории сатҳи олиро дар кишвар таҳлил ва баррасӣ намуда, андешаву мулоҳизаҳои ҷолиб ва қобили қабул ҳам манзур намудааст. Баъзе мушкилиҳои ин раванд, ки муаллиф атрофи онҳо андешаронӣ намудааст, воқеан ҳам то андозае ҷой доранд. Вале баъзе мулоҳизаҳо ва андешаҳои муаллиф баҳснок аст.
Муаллифи мақола иброз медорад, ки ба забони русӣ пешниҳод кардани фикру андешаҳои илмӣ барои муҳаққиқони мо мушкил мебошад. Бо дарназардошти он ки имрӯз раванди таълими забони русӣ ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳам дар муассисаҳои олӣ то ҳадде суст гаштааст, андешаи муаллиф то андозае бамаврид ба назар мерасад, вале мо бо ӯ пурра розӣ шуда наметавонем. Зеро барои муҳаққиқ ва корманди илмии имрӯза шароит ва имкониятҳои фарохтаре низ муҳайё мебошад. Хушбахтона, кормандони илмии имрӯза дар сомонаҳои интернетӣ матни тамоми луғатҳову қомусномаҳоро дар ихтиёр доранд. Ҳамзамон дархосту роҳнамунҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳар як вохӯриву суханрониҳояш садо медиҳад, ин ҳатман, донистани забонҳои хориҷӣ барои мутахассисони ҷавон мебошад. Бахусус, корманд ва муҳаққиқи илмиро мебояд, ки аз дастовардҳои илми ҷаҳонӣ дар соҳаи ихтисоси худ ба хубӣ огоҳӣ дошта бошад ва аз навгониҳо дар таҳқиқоти хеш истифода кунад. Аз ҷониби дигар, набояд фаромӯш кард, ки асрҳои миёна дар тӯли садсолаҳо забони арабӣ (ки омӯхтанаш чандон осон нест) забони илми кишварҳои қаламрави ислом буд ва нобиғаҳои илми форсу тоҷик Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Муҳаммад - ал - Хоразмӣ, Абумуҳаммади Хуҷандӣ, Абунасри Форобӣ, Умари Хайём ва даҳҳо олимони дигар осори илмии хешро ба забони арабӣ таълиф намуда, гули сари сабади ҷаҳони илму фарҳанги замони худ гардида буданд.
Дар мавриди тадриҷан ва рӯз то рӯз зиёд ва қатъитар гаштани талаботи Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия нисбат ба фаъолияти шӯроҳои диссертатсионии амалкунанда ва дар ин раванд баста шудани якчанд шӯроҳои диссертатсионии Тоҷикистон, ки муаллиф менависад, воқеан ҳам ҷой дорад. Вале аз чунин муносибати «ВАК»-и Федератсияи Русия тааҷҷуб ва гила кардан нашояд, зеро Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия дар доираи ислоҳоти ҷорӣ ва бо дарназардошти ҷараёни пуртуғёни ҷаҳонишавӣ фаъолияти илмии муассисаҳои оливу таълимӣ ва дар ин иртибот фаъолияти шӯроҳои диссертатсиониро чи дар дохили кишвар ва чи берун аз он таҷдиди назар мекунад. Чунин бознигарӣ ва талаботи қотеонаи «ВАК» - и Русия нисбат ба шӯроҳои диссертатсионии Тоҷикистон ҳангоми мулоқоти намояндагони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия бо роҳбарони муассисаҳои илмию таълимӣ ва раисони шӯроҳои диссертатсионии Тоҷикистон, ки 4-уми сентябри соли 2015 дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ доир гардида буд, возеҳ садо дода буданд. Директори Департаменти аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ - омӯзгории Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия Шишканова Инесса Алексеевна ва ҷонишини ӯ Пахомов Сергей Иванович аз сатҳи пасти илмии диссертатсияҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ бо овардани далелу бурҳонҳо ва рақамҳои дақиқ (ҳатто рӯйнавис шудани диссертатсияҳои 15 сол пеш ҳимояшуда) ҷиддан изҳори нигаронӣ ва таъкид карданд, ки баъзе диссертатсияҳо на ба хотири гузоштани саҳми муайян дар таҳқиқоти ин ё он соҳаи илм, балки танҳо бо мақсади ҳимоя намудан, навишта мешаванд. Алҳол дар Тоҷикистон аз 23 шӯрои амалкунандаи диссертатсионӣ фаъолияти панҷтои он бо сабабҳои гуногун қатъ карда шудааст. Агар дар соли 2014 аз 38 ҳуҷҷати унвонҷӯёни ҷумҳурии мо, ки ба “ВАК”-и Русия фиристода шудааст, 21-тоаш баргашта бошанд, пас дар соли 2015 аз 13 ҳуҷҷат 4-тоаш бо сабабҳои гуногун ба соҳибонашон баргардонида шудаанд. Боиси нигаронист, ки “ВАК”-и Русия дар давоми аз 1 январ то сентябри соли 2015 74 қарори шӯроҳои диссертатсиониро дар бораи додани унвонҳои илмӣ бекор кардааст, ки 17-тои он (23%) ба шӯроҳои диссертатсионии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Далелҳои боло моро водор месозад, ки талаботро нисбат ба диссертатсияҳо даҳчанд зиёд намоем.
Чуноне ки аз номи мақола бармеояд, муаллиф ботаъкид иброз медорад, ки рисолаҳои диссертатсионӣ ҳатман ба тоҷикӣ навишта ва ҳимоя шаванд. Чунин масъалагузории қатъӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ нодуруст мебуд. Мо набояд доираи забономӯзии онҳоеро, ки роҳи илмро пеш мегиранд, (хусусан бо забони русӣ) маҳдуд созем.
Муаллифи мақола аз фаъолияти КОА-и навтаъсиси мамлакат огоҳии комил надорад, ноогоҳона менависад, ки КОА “... иқдоме дар таъсиси шӯроҳои дифоъ дар дохили кишвар накардааст”, ки банда ба хулосаи ӯ мутлақо розӣ шуда наметавонам.
Аввалан, тибқи низомномаи КОА ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо шӯроҳои диссертатсионии “доктор PhD (Пейҷди)” сару кор дорад. Шӯроҳои диссертатсионие, ки бо иҷозати “ВАК”-и Русия фаъолият карда истодаанд, ба доираи ваколати КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намешаванд.
Сониян, КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Феҳристи номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба таъсиси шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос”-ро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Акедемияи илмҳо ирсол намудааст ва интизори қабули ҳуҷҷатҳо мебошад.
Роҳбарияти КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳо тасмим гирифтааст, ки аз ибтидои фаъолият меъёрҳои баланди баҳодиҳӣ ба диссертатсияҳоро матраҳ карда, талаботи ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.
Аз чунин андешаронии муаллиф фаҳмидан душвор нест, ки ӯ мехоҳад дар шӯроҳои диссертатсионии “ВАК”-и Русия он унвонҷӯён, ки рисолаҳои диссертатсиониро бо забони тоҷикӣ навиштаанд, барои ҳимояи онҳо иҷозат дода шуда, барои баррасӣ ба КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шавад. Вале КОА чунин ваколатро надорад ва он танҳо бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Барои ин ба чандин қонуну қарорҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид кардан зарур аст, ки он фурсат мехоҳад.
А. РОЗИҚЗОДА,
раиси Комиссияи олии аттестатсионии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.04.216 №: 67 Мутолиа карданд: 20944