logo

номаҳо

ДАРХОСТ АЗ МАҚОМОТИ ДАХЛДОР

Соли 1997 ба Абдушукур Ниёзов ба шавҳар баромадам. Ӯ ба сол аз ман хеле калон буд. Дар рӯзҳои аввал зиндагиамон хуш мегузашт. Нисбат ба ман ғамхорию меҳрубонӣ менамуд. Аз ин издивоҷ як духтар ба дунё омад. Алҳол ӯ дар синфи 7-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мехонад.
Вале зиндагии хуби мо  ба фарзандони шавҳарам писанд наомад. Хусусан, фарзанди калониаш Акбар бо ҳамсараш Зайнура мехостанд падарашон маро бо духтарам ҷавоб диҳад. Чандин бор дастбагиребон ҳам шудем. Ҷароҳат бардоштам. Маҷбур шудам, ки барои табобат дар беморхона бистарӣ шавам. Шавҳари 90-солаам дар ин ҳол фарзандонашро ҷонибдорӣ кард ва маро талоқ дод.
Писари дигари ӯ - Валӣ низ зиндагиямро талх месозад.
Ин фарзандон худ дар хонаҳои боҳашамат зиндагӣ мекунанд, аммо падарро дар хонае ҷой додаанд, ки шароити муқаррарӣ барои зистан надорад. Ману духтарам дар хоначае зиндагӣ дорем, ки шароитҳояш аз хонаи падари духтарам бадтар мебошад. Борҳо дар ин хусус ба мақомоти дахлдор муроҷиат намудам, аммо на ҳамаи онҳо ба доди ман расиданд. Танҳо аз собиқ раиси суди ноҳияи Сино миннатдор ҳастам, ки дар ҳалли масъала аз рӯи адолат рафтор намуд. Яъне, дар сурати маро аз хона баровардан барои харидории хона барои ману хоҳарашон бояд 20 ҳазор доллар бидиҳанд. Аммо ин фарзандон хонаи моро ба фурӯш гузошта, мегӯянд, ки пас аз он ба ману хоҳарашон 100 доллар медиҳанду халос. Ҳеҷ намеандешанд, ки ману падари онҳо ақди никоҳи расмӣ дорем ва дар дафтарчаи ҳавлӣ номнавис шудаем. Инчунин маҷбурамон месозанд, ки худамон ихтиёран аз ҳавлӣ баромада равем. Борҳо барои расидан ба ин мақсад таҳдиди куштанам низ карданд. Аз мақомоти дахлдор хоҳиш мекунам, ки дар ҳалли мушкилотам дасти мадад дароз намоянд.
Сайпочоҳ ҲАБИБОВА, ноҳияи Сино,
кӯчаи Нахимов, 16/2


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2016    №: 68    Мутолиа карданд: 7694
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед