маориф
КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ
ҲОЛАТҲОИ БА ДОВТАЛАБОНИ ТАСОДУФӢ ДОДАНИ ОН НИЗ ҲАСТ
Давоми панҷ соли охир тибқи Квотаи президентӣ 5877 ҷавон муассисаҳои олии кишваро хатм кардаанд, ки аз ин теъдод 3039 нафар духтар ва 2838 нафар писар мебошанд.
Сафарбой Самадов, сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати мароиф ва илм мегӯяд, ки ҳамасола теъдоди квотаҳои президентӣ зиёд шуда, ба болоравии сатҳи маълумотнокии ҷомеа, бахусус духтарон, ки ояндаи ҷомеа ва тарбияи насл аз онҳо вобаста аст, фавқулода мебошад. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати маориф ва илм соли хониши 2014 – 2015 - 1291 ва 2015 -2016 - 1312 ҷавон донишҷӯ гардидаанд. Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ба номи Сайидмуъмин Раҳимов, мегӯяд, ки соли хониши 2015 - 2016 аз 59 Квотаи президентии ихтисосшуда, 10 адад барои духтарон имтиёз дода шудааст.
Наргис Алимова, муовини декан оид ба донишҷӯёни Квотаи президентӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино иброз дошт, ки давоми панҷ соли охир зиёда аз 450 нафар тибқи квота донишгоҳро хатм карданд.
«Дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ тибқи квота ҳам духтарон ва ҳам писарон таҳсил мекунанд. Албатта, авлавият ба духтарон дода шудааст. Бархе донишҷӯён ҳангоми таҳсил хунукназарона рафтор мекунанд. Ҳолатҳои хориҷ шудан ё таҳсилро партофтани донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда ҳам ба қайд гирифта шудааст. Ба ин донишҷӯён роҳбарияти донишгоҳ имтиёз медиҳад, кумак мекунад, ки ба таҳсил дилгарм бошанд», - илова кард Наргис Алимова.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз зумраи он муассисаҳои олии кишвар аст, ки ҳар сол дорои теъдоди зиёди Квотаи президентӣ мегардад. Роҳбарияти донишгоҳ мегӯяд, ки ҳолатҳои хориҷ шудани донишҷӯёни тибқи квота дохилшуда ба қайд гирифта шуда, ҳолатҳои ба довталабони тасодуфӣ додани квота ҳам вуҷуд дорад.
Сиёсати дастгирии ҷавонон на танҳо зарфияти маълумотнокии духтаронро дар ҷомеа қавӣ гардонд, балки омили муҳиме дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа ҳам гардид. Дар аксари оилаҳо бартарии таҳсил намудан ба писарон дода мешавад. Ин ҳолат бештар дар деҳот ва навоҳии дурдасти кӯҳистон мушоҳида мешавад. Барои духтарони деҳот ба шаҳрҳо барои таҳсил рафтан «инқилоб» - ро мемонад. Сарвиноз Самадова, ки соли гузашта тибқи Квотаи президентӣ Донишгоҳи миллиро хатм кард мегӯяд, ки аз бародарон пинҳонӣ барои гирифтани квота талош кардааст.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм, мегӯяд, ки 90 дарсади хатмкунандаҳои донишгоҳҳо, ки тибқи Квотаи президентӣ таҳсил намуданд, ба ҷойи зист ба кор мераванд. Ба истиснои 10 дарсад, ки ба корҳои илмӣ машғул мешаванд.
Саидаи Фазл, рӯзноманигор, таъсиси Квотаи президентиро дар кишвар иқдоми муҳим мехонад ва мегӯяд, ки: «агар Сарвари давлат ин иқдоми хирадмандонаро пеш намегирифт, имрӯз садҳо духтар аз ноилоҷӣ аз таҳсил маҳрум мешуд. Барои аксари ҷавонони боистеъдод танҳо як қадам - дастгирӣ кардани онҳо барои донишҷӯ гардидан дар донишгоҳҳо кофӣ буд».
Ҳарамгул САНГОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.04.2016 №: 69 Мутолиа карданд: 2399