маориф
РОҒУН. САТҲИ ДОНИШ БОЛО МЕРАВАД
Фароҳам намудани шароити мусоид барои хонандагон ва омӯзгорони мактабҳо дар шаҳри Роғун натиҷаҳои мусбат ба бор овард. Ин аст, ки соли сипаришуда дар маъракаи сафарбар намудани хатмкунандагон - довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурӣ 252 нафар (52 дарсади шумораи умумии хатмкунандагон) ба донишгоҳу донишкадаҳои олии касбӣ ҳуҷҷат супориданд. Аз онҳо 132 нафар ба донишкадаҳо дохил гардида, унвони донишҷӯиро гирифтанд, ки дар миқёси ноҳияҳои тобеи марказ ин аз беҳтарин нишондиҳандаҳо ба шумор меравад.
Ҳамчунин, тавассути Маркази барномаҳои байналмилалӣ 18 нафар хатмкунанда дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия дохил шуда, ба таҳсил машғуланд. Тавассути нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи Квотаи президентӣ соли таҳсили 2015 - 2016 дар 21 ҷойи муқарраргардидаи 8 донишгоҳу донишкадаи ҷумҳурӣ 11 нафар духтар ва 10 нафар писар тариқи озмун қабул гардиданд.
Яке аз самтҳои муҳиме, ки Сарвари давлат ҷиҳати рушди соҳаи маориф доимо таъкид менамоянд, бо технологияи иттилоотӣ таъмин намудани мактабҳо ва бо ин васила тарбия намудани кадрҳои навовару болаёқат мебошад. Татбиқи барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 127 дарсад иҷро шуд.
Чунонки Худойназар Салимов, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Роғун, зикр кард, маркази технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионии шуъбаи маориф бо технологияи муосири иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардонда шуд. Ин имконият медиҳад, ки таҷрибаи пешқадами омӯзгорони навовар тавассути наворҳо дастраси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гардонда шаванд. Натиҷаи корҳои баанҷомрасондашуда нишон дод, ки сатҳи донишазхудкунии хонандагон аз 2,8 дарсади аввали соли 2015 ба 3,6 дарсад баланд бардошта шуд.
Кори муҳими дигар, ки дар ин давра ба иҷро расид, мавриди истифода қарор гирифтани бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 барои 1176 нафар хонанда, дорои тамоми шароити мусоид мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии № 15 - и деҳаи Паси Муҳраҳо ва № 47 - и деҳаи Каҷбед, ки қаблан дар хона - вагон ва ҷойи ҷамъиятӣ ҷойгир шуда буданд, ба ин муассиса ҷалб гардиданд.
- Ҳамқадами замон тарбия кардани насли ҷавон ва аз дастовардҳои илмиву техникӣ бархӯрдор гардидани онҳо, инчунин рафъи мушкилоти ҷойдошта ҳамеша дар мадди назари мо қарор дошта, мақсади асосии мо мебошад, - иброз дошт Х. Салимов.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.04.2016 №: 70 Мутолиа карданд: 1111