маориф
"СУҒД: МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ТАВАҶҶУҲ МЕХОҲАНД"
Раёсати маорифи вилояти Суғд бо ин ном мақолаи мухбири махсуси “Ҷумҳурият” дар вилояти Суғд Ҷовиди Аштиро, ки 17 феврали соли 2015, № 34 (22.596) ба нашр расидааст, мавриди баррасии васеъ қарор дод.
Фаъолияти имрӯзаи муассисаҳои таълимии томактабӣ таваҷҷуҳи бештареро хоҳон аст. Ин масъала дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати маорифи он қарор дорад. Вобаста ба ин дар доираи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои зиёду босамар анҷом ёфтаанд. Агар дар соли оғози татбиқи санади мазкур - соли 2012 теъдоди кӯдакистонҳо дар саросари вилоят 200 ададро ташкил дода бошад, пас имрӯз ин теъдод ба 237 расидааст. Баробари ин имрӯз дар шаҳру навоҳии вилоят боз сохтмони бинои 2 адад кӯдакистон дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Зиёда аз ин теъдоди кӯдакистонҳои хусусӣ рӯ ба афзудан оварда, аз 23 ба 27 адад расидааст. Дар давоми як соли охир фарогирии тарбиятгирандагон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 2691 нафар афзуда, ба 38691 нафар расидааст.
Раёсати маорифи вилоят ба ташкили марказҳои инкишофи кӯдакон дар пойгоҳи муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ҳамчун омили муҳими фарогирии тифлакон ба таълиму тарбия эътибори зарурӣ медиҳад. Дар муассисаҳои таълимии вилоят феълан 654 гурӯҳҳои Марказҳои инкишофи кӯдакон бо фарогирии 14280 нафар фаъолият доранд. Алҳол теъдоди умумии фарогирии кӯдакон бо таълиму тарбия дар шаҳру навоҳии вилоят ба 19,6 дарсад расидааст, ки ин назар ба соли сипаригашта 3,6 дарсад зиёд аст.
Вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии томактабии вилояти Суғд моҳи октябри соли 2015 дар ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар ҷаласа бурду бохти соҳа муайян ва вазифаҳои минбаъдаи масъулон муқаррар карда шуданд. Раёсати маорифи вилоят ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиву норасоиҳои дар ҷаласаи мазкур баёншуда нақшаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ намуд ва дар партави он барои ҳарчӣ бештару беҳтар фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбия тадбирҳои муассир меандешад.
О. КАРИМЗОДА,
сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.04.2016 №: 70 Мутолиа карданд: 1342