маориф
РУСИЯ ТЕЪДОДИ КВОТАҲОИ СОҲАИ ТИБРО ЗИЁД НАМУД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ аз норасоии кадрҳои соҳаи тиб изҳори нигаронӣ карда, зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз уҳдаи таъмини пурраи аҳолӣ бо кадрҳои тиббӣ намебарояд ва ҳоло дар кишвар қариб 6 ҳазор табиб намерасад.
Тавре ки Исматулло Шодиев, роҳбари Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм, ҳангоми суҳбат иброз дошт, дар асоси дархости Вазорати маориф ва илми кишвар имсол Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон квотаҳои таҳсил дар соҳаи тиб, риёзӣ ва амнияти иттилоотиро бештар кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, ҳоло дар тамоми минтақаҳои кишвар нуқтаҳои бақайдгирии довталабон таъсис ёфтаанд. Довталабони тоҷик метавонанд барои ширкат дар озмун ва дарёфти квотаҳо, то моҳи июни соли равон имтиҳон супоранд. Барои иштирок дар озмун донистани забони русӣ ҳатмист. Нафароне, ки аз озмун мегузаранд, дар донишгоҳҳои Русия ройгон таҳсил хоҳанд кард.
Бар асоси омори расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан дар Федератсияи Русия 9102 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунад.
Раҳматулло КАРИМОВ,«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.04.2016 №: 71 Мутолиа карданд: 1436