logo

мулоқотҳо

Сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Доминик Стросс-Кан

17 июни соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  ҳайати бонуфузи Хазинаи байналмилалии асъорро, ки зери сарварии директор - танзимгари хазина Доминик Стросс-Кан ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла оид ба коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ баррасӣ шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба  Хазинаи байналмилалии асъор барои ҷудо намудани 116 миллион доллари амрикоӣ, ки дар доираи Барномаи нави ҳамкории Тоҷикистон бо ин хазина баҳри паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ сурат мегирад, арзи сипос намуда, изҳори қаноатмандӣ кард,  ки қисмати зиёди он соли равон маблағгузорӣ мешавад.
Мусоҳибон оид ба роҳҳои зиёд намудани кӯмакҳои Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар созмону кишварҳои мададрасон ба Тоҷикистон баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ гуфтугӯйи судманд анҷом дода, таъкид бар он доштанд, ки маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзноки то имрӯз ҷудогашта барои босамар амалӣ намудани тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нокифояанд.
Доминик Стросс-Кан ба тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сиёсати иҷтимоӣ ва пулию қарзии он баҳои мусбат дода, изҳор намуд, ки масъалаи зиёд кардани кӯмаки молиявӣ ба Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор мавриди баррасӣ қарор дорад ва ҳаҷми он ба наздикӣ муайян хоҳад шуд.
Доминик Стросс-Кан сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмини истиқлоли энергетикии кишвар, аз  ҷумла далелҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин бора мӯътамад арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки захираҳои фаровони табиат,  аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ имкон медиҳанд, ки дар оянда рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон таъмин гардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1851
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед