барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА НАРЕНДРА МОДӢ
11 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Хабари нохуши ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани садҳо шаҳрванди Ҳиндустони дӯстро бар асари сӯхтори шадид дар яке аз ибодатгоҳҳои аёлати Керала дар ҷанубу ғарби кишвар бо андуҳи бузург дарёфтам.
Дар робита ба ин фоҷиаи вазнин ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.04.2016 №: 71 Мутолиа карданд: 11010