номаҳо
ҲАР СУХАН ҶО ДОРАДУ...
Дар маъракаи “Бегоҳи охир” иштирок кардам. Бибиотун дар кати махсуси пешгаҳи ҳавлӣ нишаста, вазъ мегуфт. Албатта, дар рӯзҳои мотам зикри хайри рафтагон анъанаи хуб аст, аммо мавзӯи интихобкардаи бибиотун барои вазъгӯӣ мувофиқ набуд. Агарчи маҳз ҳамин мавзӯъ: “ Қадр намудан ва эҳтиром кардани падару модар” маро ба андеша кардан водор кард.
Бибиотун дар бораи эҳтироми волидайн ва ҳаққи онҳо пеши фарзандон сухан меронд. Ман ба аҳли ҷамъомадагон назар дӯхтам: ҳамагӣ (агар ду-се нафар хизматчиёнро ба ҳисоб нагирем) аслан занҳои калонсоле буданд, ки кайҳо падару модари худро ба хок супоридаанд. Ба онҳо дар ҳаққи падару модар сухан гуфтан, аз як тараф аламашонро тоза кунад, аз тарафи дигар хорияшонро бедор месозад, зеро фарзандонашон назар ба нақле, ки бибиотун менамояд, эҳтироми онҳоро ба ҷо намеоранд. Зане, ки дар паҳлӯи ман нишаста буд, оби дидаашро пок карда гуфт: - Ана, чӣ қадар ҳаққи ман бузург будаасту бачаҳоям қадрамро намедонанд, гапамро ду мекунанд, аз гуфтаам сар мепечанд. Дирӯз келин саҳар хеста рӯи ҳавлиро нарӯфт гуфта ҷанг кунам, писарам ба ҷойи маро тарафгирӣ кардан, тарафи ӯро гирифт. Мо ҳам келин будем. Аз хати кашидаи хушдоманамон нагузашта кам шудем - мӣ? Аз ин ҷо равам, бо онҳо дигар хел гуфтугӯ мекунам.
Ба ин мазмун чанд нафар занон фикри худро баён карданд ва оби дида рехтанд, ки мурда - мурда бача калон карданду беқадр шуданд.
Дар бораи эҳтироми падару модар сухан рондан ҳатмист ва онро бояд ба насли наврас, ҷавонон омӯхт. Аммо баррасии ин мавзӯъ бояд дар нишасте баргузор гардад, ки ҷамъомадагон наврасону ҷавононанд. Баррасии ин мавзӯъ дар нишасти калонсолон чӣ натиҷа медиҳад? Онҳо ба қадри худ месӯзанд ва бо фарзандонашон ҷанҷол мебардоранд, ки барояшон ину онро накарданд. Масалан, на ҳар фарзанд қудрат дорад, ки волидайнашро ба зиёрати Каъба фиристонад. Ва ё талоқ додани зан аз тарафи мард танҳо ба он хотир аст, ки ситораи модараш ба занаш рост наомад, нишони эҳтироми модар нест. Фикр мекунам, ки бибиотун ва домуллоҳо дар маъракаҳо бояд вобаста ба аҳли нишаст мавзӯи суханронии худро интихоб намоянд: наврасону ҷавонон дар ҳама ҳолат бе насли калонсол худро бе пушту паноҳ эҳсос мекунанд ва масъулияти калонсолон низ пеши онҳо бисёр аст, зеро онҳо чизеро, ки омӯхтанд ва ба мерос гирифтанд, ҳамонро давом медиҳанд. Охир, волидайн низ пеши фарзандон масъуланд. Чаро падареро, ки фарзандонашро партофта, аз пайи зани дигар мешаваду кӯдаконашро ақаллан боре ҳам намепурсад, касе маломат намекунад? Кӯдак бо модари худ бо чӣ қадар хорию зорӣ ба воя мерасад ва агар “падар”-ро эътироф накунад, ҷамъият ӯро маҳкум мекунад.
Албатта, ин мавзӯи бисёр нозук аст ва мавҷудияти чунин муаммоҳоро ба дӯши бибиотуну домуллоҳо бор карданӣ нестам, муроди ман фақат ҳамин нукта буд, ки халқи мо ба суханони онҳо эътиқоди зиёд доранд ва онҳо метавонанд ба ҳалли мусбати бисёр масъалаҳо саҳми худро гузоранд.
Бинобар ин дар чунин маросимҳои оммавӣ бибиотунҳои мо набояд ҳарчи хоҳиш доранд, гӯянд, балки ҳатман аз рӯи мақоми «ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», амал намоянд.
Матлуба ЁРМИРЗОЕВА,
шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.04.2016 №: 72 Мутолиа карданд: 9976